Ҳисоботи телефонӣ

№33 (4139) 17.03.2020

14 марти соли 2020 ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат ва Файзобод тавассути телефон ҳисобот доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбаршударо оид ба рафти тадбирҳои ободонию бунёд­корӣ, киштукори баҳорӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шунида, ба онҳо ҷиҳати иҷрои босифати саривақтии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати мамлакат, нақшаву барномаҳои давлатӣ дар самти тақвияти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ва сабзазоргардонӣ, киштукори баҳорӣ, бахусус, кишти пахтаю сабзавот ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти мардум, таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ, боз ҳам беҳтар гардондани кори муассисаҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки ба муроҷиатҳои шаҳрвандон эътибори аввалиндараҷа дода, мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф созанд ва тадбирҳои ободонию бунёдкориро ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба беҳдошти муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, кӯчаву хиёбон ва марказҳои фарҳангию фароғатӣ ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дастури қатъӣ доданд.

www.president.tj