ҲИСОБОТИ ТЕЛЕФОНӢ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

№14 майи соли 2016 14.05.2016

Субҳи 14 майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Панҷакент, Айнӣ, Шамсиддини Шоҳин, Рӯдакӣ ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни ҳисоботи телефонии худ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбурда доир ба офатҳои табиии шабонарӯзи охир ахборот доданд.

Таъкид гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат комиссияҳои ситоди ҳолатҳои фавқулода таъсис ёфта, барои саривақт бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ имконоту иқтидорҳои мавҷуда ба пуррагӣ сафарбар карда шудаанд.

Доир ба вазъи роҳҳои байнишаҳрӣ ва маҳаллӣ иттилоъ дода шуд, ки айни замон вазъият дар тамоми шоҳроҳҳои қаламрави ҷумҳурӣ ва роҳҳои байнишаҳрию маҳаллӣ зери назорат қарор дошта, ҳаракати нақлиёт дар онҳо пурра имконпазир мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Панҷакент, Айнӣ, Шамсиддини Шоҳин, Рӯдакӣ ва Сангвор барои андешидани чораҳои таъхирнопазир дар барқарорсозии қитъаҳои роҳҳо ва пулҳои аз обхезӣ зарардида, расонидани кӯмакҳои аввалин ба мардуми осебдида ва таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар тамоми шоҳроҳҳо ва роҳҳои байнишаҳрию маҳалии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас доданд.