Шашуми апрели соли 2015 ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Данғара телефонӣ ҳисобот доданд.
Зимни ҳисоботдиҳии роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбурда масъалаҳои вобаста ба иҷрои нақшаи даромади Буҷети давлатӣ, вусъат додани киштукори баҳорӣ, бахусус кишти пахта ва сабзавот, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва ҳам ободонӣ мавриди таваҷҷуҳи асосии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
Доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои нигаронкунанда, аз ҷумла омодагӣ ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ба мисли селу жола, обхезӣ ва ярчу сангрезӣ, дар назди шахсони масъули номбурда вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
www.president.tj