Истифодаи фаъолонаи имкониятҳои мавҷуда омили асосии ҳифзи суботу оромӣ дар минтақа аст

№143 (3444) 27.10.2015

12027268_914837425253111_4893098680871507767_oБисту дуюми октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзайро, ки бо сафари дӯстона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушду густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии накуи Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ шуданд.

Зимни суҳбати дӯстона доир ба мавзӯъҳои гуногуни вобаста ба муносиботи ду давлати ҳамсоя ва мардумони ҳамфарҳанги онҳо, авзои кунунӣ ва дурнамои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъсири он ба минтақа ва ҳамчунин атрофи масоили дигари минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Тавре таъкид гардид, барои ҳифзи суботу оромӣ дар минтақа, тарғиби фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеа чун терроризму ифротгаройӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда фаъолона истифода бояд бурд.

www.president.tj