Иттиҳоди Аврупо аз ҷумлаи ҳамёрони муҳими Тоҷикистон аст

№77 (3871) 23.06.2018

29060738368_2be90624d2_o21 июн Асосгузури сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд Невен Мимитсаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «Мо ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоем ва Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи ҳамёрони муҳим дар арсаи байналмилалӣ медонем».

Ҷонибҳо аз қабули «Стратегияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020» ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон то соли 2030», ки мақсад аз қабули онҳо тат­биқи минбаъдаи ҳадафҳои стратегӣ мебошад, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи стратегия татбиқи тарҳҳои миллию фаромиллӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, сарҳадот, гуманитарӣ, маориф, фарҳанг ва беҳдошти аҳолӣ татбиқ шуда, муколамаи ҷонибҳо дар мавзӯъҳои амнияту субот ва ҳуқуқи инсон тавсеа меёбанд.

ҳамчунин масъалаи ҷалби сармояи Иттиҳоди Аврупо ва иштироки фаъоли он дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, дастгирии буҷети Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ, сармоягузории лоиҳаҳои иқтисодӣ дар доираи Барномаи имконияти сармоягузории Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ ва вазъи амният дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, аз паҳншавии терроризму зуҳуроти экстремизм дар минтақа изҳори нигаронӣ карданд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба кумакҳои шарикони рушд, минҷумла Иттиҳоди Аврупо, ҷиҳати таҳкими амнияти сарҳадот дар ин самт ниёз дорад. Дар ин ҷода ҳамкории хуби Тоҷикис­тон бо Иттиҳоди Аврупо тавассути Барномаи БОМКА махсус таъкид гардид.

www.president.tj