8 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси якҷояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тадорукот баргузор шуд.
Дар маҷлис рафти иҷрои буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015 «Дар бораи таҷлили 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 19 декабри соли 2015 «Дар бораи баргузории тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин рафти иҷрои чорабиниҳо баҳри омодагӣ ба гузоштани санги асоси лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA — 1000 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни ҳисоботи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки дар семоҳаи аввали соли 2016 қисми даромад 93,5 фоиз иҷро шуда, 3,4 миллиард сомонӣ ба буҷет ворид шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои давлатиро вазифадор намуд, ки баҳри иҷрои пурраи қисми даромади буҷет ва дигар пардохтҳо чораҳои дахлдор андешанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили идҳои бузурги давлатӣ ҳисоботи раиси Кумитаи тадорукот, Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва дигар масъулони ҷумҳуриявиро шунида, зимни ҳисоботи онҳо ва суханронии худ доир ба тезондани корҳои омодагӣ ба ҷашнҳои фархунда, бо суръату сифати баланд анҷом додани корҳои ободонӣ ва иҷрои дигар тадбирҳои сиёсию фарҳангӣ супоришҳои мушаххас дод.
Қайд гардид, ки дар доираи ҷашни бузурги миллӣ барои мардуми кишвар дар моҳҳои наздик корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 1 миллиону 200 ҳазор тонна дар як сол, корхонаи гаҷкардон бо иқтидори истеҳсолии се миллион дона, корхонаҳои истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, корхонаи истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат, корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Данғара, корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Фархор, комбинати металлургӣ бо иқтидори 150 ҳазор тонна дар шаҳри Ҳисор, ба истифода супоридани қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат — Ёвон, супоридани марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар иншооти муҳим сохта, ба истифода дода мешаванд, ки ин туҳфаи арзанда ва сазовор дар рӯзҳои истиқбол аз ин ҷашни давлатӣ маҳсуб мегардад.
Бо мақсади рушди соҳаи саноат, дар ин сол, 161 корхонаи саноатӣ бо зиёда аз даҳ ҳазор ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Дар арафаи ҷашни миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 155 муассисаи таълимӣ, 46 иншооти варзишӣ, 8 иншооти соҳаи тандурустӣ, 9 иншоот дар соҳаи энергетика ва 8 иншоот дар соҳаи нақлиёт сохта, ба истифода дода мешаванд.
Дар охир Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Кумитаи тадорукот ва дигар масъулон супориш дод, ки барои татбиқи Нақшаи чорабиниҳои бахшида ба санаҳои муҳими таърихии 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии он дар кишвар тадбирҳои зарурӣ андешанд ва онро бояд бо ташкили роҳпаймоиҳои мардумӣ дар сатҳи баланд гузаронанд.
Инчунин, вобаста ба рафти иҷрои чорабиниҳо баҳри омодагӣ ба гузоштани санги асоси бунёди лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA — 1000, ба масъулони Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
www.president.tj