30 марти соли 2022 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он нахуст «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 – 2023» ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки ҳадаф аз таҳияи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳо ва ҳамоҳангсозии корҳо дар давраи тирамоҳу зимистон, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, дар самти омодасозии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад.
Дастур дода шуд, ки вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, корхона ва ташкилоту муассисаҳо то 10-уми ҳар моҳ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо то 20 — уми ҳар моҳ оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо ба ситоди ҷумҳуриявӣ ҳисобот манзур намояд.
Сипас, аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 12 хулосаи Ҳукумати мамлакат ба як қатор қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карданд.
Инчунин, масъалаҳои дигар «Дар бораи «Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030», «Дар бораи «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022 – 2026», «Дар бораи «Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Дар бораи «Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Баъди баррасии масъалаҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои супоришҳои қаблии Президент, дастурҳои маҷлиси Ҳукумат, вусъати корҳои ободонӣ, ташкили дурусти корҳо оид ба киштукори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, боло бурдани иқтидори содиротии кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ аз ҳама имконият истифода бурда, дар моҳи шарифи Рамазон шаҳрвандонро бо маҳсулоти ниёзи аввал пурра таъмин намоянд.
Дастурҳои дигар ба масъулини соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ бобати ташкили дурусти кор ҷиҳати таъмини хизматрасонии сатҳи баланд ба мизоҷон, аз ҷумла дар меҳмонхонаҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва инфрасохтори сайёҳӣ дода шуд.
Бобати ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон ба кишвар ва таъмини ҳаракати бемамониати шаҳрвандон супориш дода шуд, ки бо истифода аз нархҳои дастрас хатсайрҳои нави парвози тайёраҳо ташкил карда шавад. Таъкид гардид, ки хизматрасонӣ низ дар ин самт бояд ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонида шавад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров чоп ва тақсимоташ ба шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шуд.
Ба Президенти мамлакат шахсони масъул ҳисобот доданд, ки ба оилаҳои кишвар китоби «Тоҷикон» пурра дастрас гардид.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони Ҳукумати кишвар, ки дар чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста шуда буданд, супориш доданд, ки дар 10 рӯз ба шаҳру ноҳияҳо рафта, оид ба сафарбар кардани мардум ба вусъати корҳои саҳроӣ, ободонӣ, бунёдкорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ, бо шаҳрвандон корбарӣ намоянд.