Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№81 (4501) 02.07.2022

52183119872_a4c02bd7f9_o30 июни соли 2022 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баргузор шуд.

Дар он нахуст ҳисоботи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Сафармаҳмад Раҳимзода «Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худ­идоракунии шаҳрак ва деҳот» шунида шуд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар ноҳия аз тарафи гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маҳалҳо бо мардум мунтазам мулоқот гузаронда мешавад.

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои солҳои 2021-2025» 177 лоиҳаро дар бар гирифта, маблағи умумии он 226,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи он 5,5 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Зикр гардид, ки дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ таъмиру бунёди 195 иншоот ба нақша гирифта шуда, 203 иншоот ба истифода дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ супориш доданд, ки фаъолият оид ба таъмини рушди устувори иқтисодиёти ноҳия пурзӯр карда шавад.

Ҳамчунин, дастур доданд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет, кам кардани бақияпулиҳои андоз, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳо, самаранок ва мақсаднок истифода бурдани заминҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ба ин восита таъсис додани ҷойҳои кор тадбирҳои мушаххас андешанд.

Сипас, «Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2022» ва масъала «Дар бораи ҷашн гирифтани 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид.

Аъзои Ҳукумати кишвар 8 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баъд аз таҳлил барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карданд.

Баъдан доир ба «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2022-2026», «Натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди маъмурии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон то 1 январи соли 2022» ва «Натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди маъмурии ноҳияи Сангвор то 1 январи соли 2022» қарорҳо қабул карда шуд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷиҳати иҷрои саривақтию босамари дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси навбатии Ҳукумат, вусъати корҳои созандагӣ ба ифтихори 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҷамъоварии ҳосил, содироти маҳсулот, захираи кофии маҳсулоти хӯрока, омодагии ҳамаҷониба ба давраи маъракаи зимистонгузаронӣ, захираи маводи сӯзишворӣ дар иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ ва  таъмини мунтазами неруи барқу гармӣ ба аҳолӣ супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj