Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИТТИЛОИЯ

№134 (4554) 02.11.2022

52468179813_745ee478aa_o31 октябри соли 2022 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2025 муҳокима гардид.

Лоиҳаи барои соли оянда пешниҳодшуда ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеӣ ва инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молияро вазифадор намуданд, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2023 ва солҳои минбаъда бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии рушди кишвар, татбиқи барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ, сари вақт сохта, ба истифода додани иншооти ҷашнӣ сармоягузориҳои асосии мутамаркази буҷети давлатиро зиёд намояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи мутавозини сиёсати макроиқтисодӣ, буҷету андоз ва пулию қарзиро муҳим шумурда, дар назди Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар барои давраи миёнамуҳлат, нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2023 ва дурнамои он барои солҳои 2024 — 2025 вазифаҳо гузоштанд, аз ҷумла барномаву нақшаҳои қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат бояд сари вақт, пурра ва сифатнок иҷро карда шаванд, барои баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андоз дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Ҳамчунин иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ аз буҷети давлатӣ сари вақт ва пурра ва истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда таъмин карда шавад.

Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар баъди муҳокима лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2025 ва Дар бораи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025 маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Сипас, дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гаравхона (ломбард)”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кооператсияи матлубот” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ  ба баъзе намудҳои фаъолият” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат ҳамчунин дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш оид ба иваз кардани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудии ноҳияи Лахш, Дар бораи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028, Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027, Дар бораи натиҷаи барӯйхатгирии қитъаҳои замини аз гардиши кишоварзӣ баромадаи ҳудуди ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Дар бораи муайян намудани квотаи шираи камол ва решаи растании ширинбия барои соли 2023-ро муҳокима намуданд.

Дар охири кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, иҷрои нақшаи кишти тирамоҳӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, захираи кофии маводи озуқа, сӯзишворӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар, роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас доданд.