Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№21 (3658) 25.02.2017

24 феврали соли 2017 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он нахуст ҳисоботи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ то 1 январи соли 2017 ва таҳлилу амалисозии бандҳои алоҳидаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати мамлакатро барои истифодаи оқилонаи замин, пешгирии ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ дар истифода ва тақсимоти он ҷалб сохта, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар ин соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сипас, аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» – ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардид.

Инчунин, лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020», «Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019», «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо барои солҳои 2017-2020», «Дар бораи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос ва Стандарти давлатии докторантура аз рӯи ихтисос», «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аъзои Ҳукумат ва роҳбарони дигар мақомоти марказии давлатӣ таъмини иҷрои бетаъхири масъалаҳои дар маҷлис баррасишударо тақозо намуда, ба онҳо ҷиҳати мусоидат ба иҷрои муқаррароти «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017- 2020» ва таҳким бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир ба пешгирӣ аз оқибатҳои маргбори ин беморӣ, ки ба солимии ҷомеа ҳатари ҷиддӣ дорад, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Барои тақвият бахшидани тадбирҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои фавқулода, таҳким бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва расонидани кумакҳои ҳамаҷониба ба аҳолии зарардида низ супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Ҷиҳати таъмин ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», назорати нархи маҳсулот дар бозорҳои мамлакат, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани маъракаи киштукори баҳорӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ ба истиқболи ҷашну маъракаҳои муҳими ҷумҳуриявию байналмилалӣ аъзои Ҳукумат ва дигар масъулони дахлдор вазифадор карда шуданд.

www.president.tj