31 марти соли равон дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, Саидзода Маҳмадсаид Борон, ки то ин вақт дар вазифаи сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард, муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид.
Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати мамлакат ва сохторҳои дахлдорро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар давраи зимистон ҷалб намуданд. Вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки барои хариду захираи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла сабзавот, инчунин маводи сӯхт, аз қабили ангишт тадбирҳо андешанд. Бобати бунёду истифодаи сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти ниёзи аввал низ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Супоришҳои дигар, ҳамчунин барои истифодаи самараноки неруи барқ, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он, фаъолияти пурсамари марказҳои барқу гармидиҳии пойтахт, пурра ба системаи гармидиҳӣ пайваст кардани иншооти гуногун, ҷоннок кардани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва танзими хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ дода шуд.
Аъзои Ҳукумати кишвар лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» пешниҳод шуд.
Дар маҷлис инчунин лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» баррасӣ гардид.
Вобаста ба масъалаҳои дигари маҷлис — «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» ва «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии «устод – шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» қарорҳои дахлдор қабул шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини иҷрои бетаъхири масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда ва дигар дастурҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб намуда, ба аъзои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони дигар мақомоти марказии давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.
www.president.tj