Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№107 (3901) 01.09.2018

29427929467_d22efe0194_o30 августи соли 2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он нахуст оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 14 августи соли 2018, таҳти рақами 1084 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ҳисоботи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки моҳият ва ҳадафҳои қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба аҳолӣ ба таври амиқ фаҳмонда, барои татбиқи нақшаву ниятҳо назорати иҷрои нақшаи даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ пурзӯр карда шавад.

Сипас, баъди баррасӣ, шаш хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи танзими давлатии нархгузорӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ва «Дар бораи парандапарварӣ» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

ҳамчунин «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018 — 2019 оид ба татбиқи «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2028» қарори дахлдор қабул гардид.

Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба иҷрои саривақтию босифати масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дигар дастурҳои Президенти мамлакат супоришҳои мушаххас доданд.

Аз ҷумла, оид ба ҷоннок кардани кори гурӯҳҳои ҳукуматӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, вусъати бунёди иншооти таъиноти гуногун барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳар як шаҳру ноҳияи кишвар дар заминаи корхонаҳои манзилию коммуналӣ таъсис додани хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, таҳияи барномаи махсус барои шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз қад — қади шоҳроҳҳои мамлакат, парвариши ҳайвоноти гуногуни нодир барои рушди соҳаи сайёҳии шикорӣ, рушди соҳаҳои чорводорӣ ва моҳипарварӣ дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор дастур доданд, ки то 1 январи соли 2019 боло бурдани нархи симкорти телефонҳои мобилиро дар ҷумҳурӣ мавқуф гузоранд.

Ҳамчунин, ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода ­Эмомалӣ супориш дода шуд, ки дар муҳлати зикршуда доир ба масъалаҳои вобаста ба арзиш ва тартиби истифодаи симкорти телефонҳои мобилӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд.

www.president.tj