Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№116 (3910) 25.09.2018

43068335600_8f5807635a_o24 сентябри соли 2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он нахуст «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузориши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қарори мазкур такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи меъморӣ ва сохтмон, боз ҳам беҳтар кардани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, инчунин, мукаммал ва мушаххас намудани муқаррароти моддаҳои дахлдори Кодекси шаҳрсозӣ мебошад.

Сипас, шаш хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба рӯзномаи маҷлис шомил гардида буданд, баррасӣ карда, оид ба татбиқи онҳо қарор қабул намуданд.

Дар анҷом Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтии масъалаҳои баррасишуда, инчунин, дигар дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супориш доданд.

Дастурҳои мушаххас оид ба омодагии бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла, соҳаҳои иҷтимоӣ, ба давраи зимистони солҳои 2018-2019, дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи зимистонгузаронӣ, омодагии пурраи бахшҳои энергетика, марказҳои барқу гармидиҳӣ, нақлиёт, захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар минтақаҳои дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, захираи хӯрок ва беталаф баровардани чорво аз зимистон, истифодаи самараноки чарогоҳҳо дода шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки барои иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ҳисобот манзур намоянд.

www.president.tj