29 августи соли 2019 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он нахуст «Оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017 таҳти рақами 89 «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 — 2020» вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ҳисобот дод.
Ӯ ёдовар шуд, ки барномаи миллӣ бо мақсади паст намудани шиддати паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва расондани хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба ниёзмандон қабул гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои иҷрои босифати барнома чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
Сипас, аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаи як қатор қонунҳо — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» — ро муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Инчунин, масъалаҳо «Дар бораи консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Дар бораи Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2024», «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2023» ва «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» баррасӣ гардида, вобаста ба татбиқи онҳо қарор қабул карда шуд.
Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иҷрои дастуру супоришҳои дар маҷлис ироашуда ҷалб карданд.
Сарвари давлат дастур доданд, ки аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ ҷиҳати дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои стратегӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд.
Супориш дода шуд, ки ҷашни умумимиллӣ — 28 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар кишвар бошукӯҳ ва бо дастовардҳои арзанда таҷлил карда шавад.
Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки барои истиқболи сазовори 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ иншооти таъиноти гуногуни дар шаҳру ноҳияҳои кишвар банақшагирифташударо сари вақт ва бо сифати баланд бунёд намуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Дастурҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба омодагии бахшҳо ба маъракаи зимистонгузаронӣ, кишти тирамоҳӣ ва вусъати корҳои ободонӣ дода шуданд.
www.president.tj