Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№11 (4117) 21.01.2020

49415028576_a677438b76_o20 январи соли 2020 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва воҳидҳои сох­тории он, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ,  муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.

Дар маҷлис нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2019 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2020 муайян карда шуд.

Аъзои Ҳукумат, аз ҷумла, вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, иҷрои стратегияву барномаҳо ва нақшаҳои қабулшуда, дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, ҷаласаҳои Ҳукумат ва дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузошта шудаанд, инчунин, камбуду норасоиҳо ва мушкилоту масъалаҳои дар соҳаҳои гуногун ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳоро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ҷаласа зикр намуданд, ки соли 2019, ки дар маҷмӯъ барои мардуми тоҷик соли бобарору таърихӣ ба ҳисоб меравад, бо ҷаҳду талошҳои сокинони мамлакат бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ, дар натиҷаи татбиқи ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар як қатор рӯйдоди муҳими таърихӣ ба амал омаданд, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар мусоидат мекунанд.

Сипас, оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2019 ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд.

49414556738_ca96c71486_oТавре таъкид гардид, бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа, дар натиҷаи андешидани тадбирҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи саривақтии ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар соли 2019 рушди иқтисоди кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд. Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 77, 3 млрд. сомонӣ баробар гардид ва суръати рушд 7,5 фоизро ташкил дод.

Афзоиши як қатор нишондиҳандаҳо, асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,6 фоиз, кишоварзӣ-7,1, гардиши савдои дохилӣ-9, мусофиркашонӣ-10,9, хизматрасониҳои пулакӣ-2,9 ва боркашонӣ 1,1 фоиз таъмин гардид. Дар соли ҳисоботӣ сатҳи таваррум 8 фоизро ташкил намуд.

Сарвазири мамлакат таъкид дошт, ки бо мақсади самаранок ва оқилона истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин, ҷиҳати таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар дар давоми соли гузашта 219 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси  3 ҳазор ҷойи кор ба истифода дода шуд.

Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  ба 27,6 млрд. сомонӣ ва суръати рушди он ба 13,6 фоиз баробар гашт.

Дар ин давра аз 249 намуди муҳимтарин маҳсулоти саноатии дар кишвар истеҳсолшаванда афзоиши ҳаҷми истеҳсоли 159 намуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардид. Истеҳсоли 27 номгӯйи молҳое, ки  дар ҳамин давраи соли гузашта қатъ гардида буданд, ба роҳ монда шуд.

Дар баробари ин, ҳаҷми истеҳсоли 59 номгӯйи молҳои саноатӣ  нисбат ба соли 2018 коҳиш ёфт ва 4 намуди мол умуман истеҳсол нагардид.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар қатори пешравиҳои соҳа камбудиҳо низ ба мушоҳида мерасанд.

Натиҷаҳои бадастомада ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Дар ин давра дар ҳудуди кишвар аз 2 ҳазору 164 корхонаи саноатӣ бо сабабҳои гуногун 149 — тои он аз фаъолият бозмондааст. 128 корхонаи дигар ҳисоботи сифрӣ пешниҳод намудаанд.

Бовар дорем, ки дар заминаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дахлдори сармоягузорӣ иқтидорҳои истеҳсолӣ барқарор мегарданд.

Сарвари давлат ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид ва муовинони Сарвазир Азим Иброҳим ва Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, ки аз таҳлилу ҷамъбасти воқеии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2019 бармеоянд, супоришҳои мушаххас доданд.

Дастурҳо, ҳамчунин, вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар, таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва тақвияти фаъолияти муназзами ҳамаи соҳаҳо, иҷрои саривақтии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳти назорати қатъӣ гирифтани ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои афзалиятноки муайянгардида, иҷрои консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дода шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки барои амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар дар самти ҳавасманд намудани сармоягузорӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ, барои баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии маҳсулот, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатии мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар маҷлис, ҳамчунин, ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода шунида шуд.

Зимни ҳисоботи вазири молия таъкид шуд, ки соли 2019 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ таъмин нагардид, воридоти маб­лағҳо 23,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 79,5 млн. сомонӣ кам мебошад.

Аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ тавассути Кумитаи андоз 11 млрд. сомонӣ ва аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 5,5 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки мутаносибан ба 95,1 ва 107,1 фоизи нақша баробар аст.

Ба қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 122 млн.сомонӣ кам маблағ ворид шуд.

Ҳамчунин, сифати қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби 3 намуди андоз, аз ҷумла, андоз аз арзиши иловашуда, таъмин карда нашуд.

Дар натиҷаи пурра ва дуруст ба инобат нагирифтани имконият ва иқтидорҳои мавҷуда, махсусан, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани низоми банақшагирӣ ва буҷетикунонӣ, 9 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ уҳдадориҳои андозии ­худро дар назди буҷет таъмин карда натавонистанд.

Ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ бақияи қарзи андоз 581 млн. сомониро ташкил дод, яъне, нисбат ба аввали соли 2019 — ум 144 млн. сомонӣ кам гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои иҷро нагардидани 3 намуди андоз ва аз ин ҳисоб ба буҷет ворид нашудани 852 миллион сомонӣ андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро аз ҷониби Ҳукумати кишвар талаб карданд.

Баъд ҳисоботи раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ доир ба соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ шунида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи соҳа қайд карданд, ки дар натиҷаи бад шудани нишондиҳандаҳои молиявии бонкҳои алоҳида, паст гардидани пардохтпазирии ташкилотҳои қарздиҳанда ва афзоиш ёфтани хавфҳои қарзӣ раванди фаъолияти қарздиҳӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст.

Аз ин рӯ, Сарвари давлат супориш доданд, ки Бонки миллӣ ҷиҳати ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, баланд бардоштани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, беҳтар гардонидани сифат ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нав чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар робита ба ҳисоботи директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2019 Сарвари давлат дастур доданд, ки барои аз байн бурдани мушкилот дар самти хизматрасонии соҳаи иҷтимоӣ, иҷрои минбаъдаи нақшаи суғуртавӣ, таҳияи системаи муайяни таъини нафақа ба шахсони маъюб ва баҳисобгирии шахсони фавтида, инчунин, назорати маблағҳои суғуртавӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд.

Дар ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ва раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Мирзо Исмоилзода зикр шуд, ки новобаста аз пешравии кор дар соҳа, қарздории ширкат, истифодаи ғайримақсадноки неруи барқ, ҷамъоварии нокифояи пардохти ҳаққи истифодаи он ва талафоти барқ аз камбудиҳои асосӣ ба шумор меравад.

Дастур дода шуд, ки барои таъмини ҷумҳурӣ бо неруи барқ, содироти он, коҳиш додани талафоти барқ ва ҷорӣ кардани технологияи нави пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Пас аз шунидани ҳисоботи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Хайрулло Сафарзода оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳими аср Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Роғун» супоришҳои қатъӣ доданд.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода оид ба фаъолияти соҳа, вазъи ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии характери коррупсиони­дошта ва ҳаҷми зарари аз ин ҷиноятҳо расида, натиҷаи санҷишҳо, барқарор намудани маблағҳо ба буҷети давлатӣ ҳисобот доданд.

Зикр гардид, ки соли гузашта дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва сохтору субъектҳои хоҷагидории давлатӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1102 ва аз тарафи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон 308 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида шуд.

Қайд гардид, ки аз маблағи умумии беш аз 918 миллион сомонии зарари молиявии аз ҷониби ҳар ду сохтор муайянкарда 360,5 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ва ба суратҳисоби корхонаву муассисаҳо барқарор карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро вазифадор карданд, ки ҷиҳати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирӣ намудан ва тақвият бахшидан ба мубориза бо ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, махсусан, дар соҳаи молия, чораҳои қатъӣ андешанд.

Аъзои Ҳукумат, ҳамчунин, оид ба фаъолияти соҳаҳо, волоияти қонун, таъмини амнияти давлату миллат, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷиноятҳо ва дигар қонунвайронкуниҳо ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимовро шуниданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назарраси ин сохторҳоро дар таъмини амнияти давлату миллат ва пешгирии ҷинояткорӣ махсус таъкид карданд.

Дастур дода шуд, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, баҳри волоияти қонун, муайяну ошкор кардани ҷиноятҳо, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна гурӯҳу созмонҳои ифротгаро корҳо тақвият бахшида шаванд.

Дар маҷлис ҳисоботи вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин низ шунида шуд.

Сарвари давлат барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани чорабиниҳои байналмилалӣ, ки солҳои 2020 ва 2021 дар қаламрави кишвар баргузор мегарданд, дастур доданд, ки аз ҳозир тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Барои интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар маҷмӯъ, татбиқи сиёсати хориҷии роҳбарияти  Давлату Ҳукумати мамлакат ва назорати иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Оид ба фаъолияти соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода ва вазири кишоварзӣ Иззатулло Сатторӣ ҳисобот доданд.

Президенти мамлакат барои афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ба роҳбарони вазоратҳои номбурда ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат супоришҳои мушаххас доданд.

Доир ба натиҷаҳои кори соҳаи нақлиёти мамлакат, фурудгоҳи байналмилалӣ ва роҳи оҳан ҳисоботи вазири нақлиёт Худоёрбек Худоёрзода, директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Исматулло Абдуллозода, директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» Дилшод Исматуллозода  ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм — Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаихумб — Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ , Ҳулбук — Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ  ва дигар лоиҳаҳо оғоз меёбанд.

Ҳоло таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе — Бохтар, Хуҷанд — Исфара, Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин, Шкев — Қалъаихумб, Кӯлоб — Муъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ идома доранд, ки то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Сарвари давлат аз масъулини соҳаҳои номбурда, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, таъмини муназзами ҳаракат дар роҳҳои кишвар, боло бардоштани ҳаҷми боркашонию мусофиркашонӣ, бо истифода аз имконоти ширкатҳои ватанӣ афзун намудани шумораи хатсайрҳои ҳавоиро талаб карданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз натиҷаҳои фаъолияти кормандони ин соҳаҳо ҳисобот доданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарони вазорату идораҳои номбурда баҳри татбиқи амалии дастуру супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироагардида вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода дастур дода шуд, ки дар доираи «300 рӯзи ислоҳот» ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи хориҷӣ, татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ чораҳои бетаъхир андешад.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио Маҳмадсаид Шоҳиён, роҳбарони шабакаҳои телевизионӣ, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Сулаймон Давлатзода, раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷамшед Табарзода, сардори Саридораи геология Илҳомҷон Султон, сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Холмурод Раҳмон, директори Агентии омор Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии содирот Шавкат Бобозода аз натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои зери роҳбариашон қарордошта дар соли 2019 ҳисобот доданд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли 2019 гузориш дод.

Тавре зикр шуд, соли 2019 буҷети шаҳр дар ҳаҷми 3,1 миллиард сомонӣ ё 100 фоиз иҷро гардидааст, ки ин нисбат ба нақша 800 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети шаҳр аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 103 фоиз иҷро ва ба буҷет 1,9 миллиард сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки аз нақша 54 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар се соли охир ба иқтисодиёти шаҳр 850 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷалб гардидааст, ки 180 миллиони он ба соли 2019 рост меояд.

Дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти шаҳр ба 15 миллиард сомонӣ расид ва суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 7,2 фоиз зиёд, ҳиссаи он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 20 фоиз баробар гардид.

Умуман, дар ин давра 62 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 800 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кардаанд, ки нисбат ба соли 2018 мутаносибан 40 корхона ва 650 ҷойи корӣ зиёд мебошад.

Соли 2019-ум 38 километр хатҳои гармигузар ба маблағи 62 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2016 — ум 4 баробар зиёд мебошад.

Дар се соли охир 160 километр шабакаҳои гармидиҳӣ ё 320 километр қубурҳои гармигузар ба маблағи 173 миллион сомонӣ азнавсозӣ гардидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди кулли соҳаҳои пойтахти мамлакат ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бахусус, бунёди ­маҷмааи «Истиқлолият ва озодӣ», ки дар ҳудуди 30 гектар ба нақша гирифта шудааст, дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар гузориши раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тазаккур дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 100,7 фоиз таъмин ва ба буҷет 2 миллиарду 420,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша (2 миллиарду 404,3 миллион сомонӣ) 15,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра ба буҷети маҳаллии вилояти Суғд ба ҷойи 1 миллиарду 887,4 миллион сомонии пешбинигардида 1 миллиарду 924,6 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 37,26 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар соли 2019 ба соҳаи маориф 867,4 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона карда шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 84,3 миллион сомонӣ ё 10,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра 37 иншооти соҳаи маориф бо 4 ҳазору 761 ҷойи нишаст бунёд гардид.

Ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 451,5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона карда шуд, ки дар муқоиса ба як соли пеш 66,9 миллион сомонӣ ё 17,4 фоиз зиёд мебошад.

Соли равон дар вилояти Суғд, дар маҷмӯъ, 121 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, 18 толор, 101 майдончаи варзишӣ ва 2 ҳавзи шиноварӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Сарвари давлат ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри боз ҳам афзун гардонидани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ ва истифодаи мақсадноки ҳар порча замин супоришҳои мушаххас доданд.

Зимни ҳисобот раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷети 100,1 фоиз таъмин ва ба буҷет 1 миллиарду 467 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 2,1 миллион сомонӣ ва дар муқоиса бо соли 2018 — ум 180 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар вилоят соли гузашта қариб 54 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, ки 104 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Гардиши савдо ба 6 миллиарду 658 миллион сомонӣ ва ҳаҷми хизмат­расониҳои пулакӣ ба 2 миллиарду 63 миллион сомонӣ баробар шуд.

Зикр гардид, ки дар вилоят 30 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 4,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба раиси вилояти Хатлон ва раисони шаҳру ноҳияҳои он дастур доданд, ки дар соли 2020 бо истифода аз сарчашмаҳои мавҷуда истеҳсоли маҳсулоти ватаниро афзун ва ҷиҳати ҳар чӣ бештар содирот намудани маҳсулоти кишоварзӣ чораандешӣ намоянд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон Ёдгор Файзов аз номи сокинони вилоят ба Сарвари давлат барои ғамхориҳои пайваста ва тадбирҳои ҳамаҷонибаи ободонию созандагӣ, бунёди роҳҳои байналмилалӣ, сохтмони мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди рушди иқтисодию иҷтимоӣ изҳори сипос кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки барои рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ минбаъд низ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Тавре таъкид гардид, имрӯз корҳо барои оғози бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон босуръат идома доранд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявиро муваззаф карданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд анҷом додани лоиҳаҳои сохт­монӣ  ва рушди саноати кӯҳӣ дар ҳама шаҳру ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чораҳои мушаххас андешанд.

Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, роҳбарони сохторҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дас­туру супоришҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикргардида, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, барои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба аъзои Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи нақша-чорабиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар ҳузури иштирокчиён суханронӣ намуданд.

Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки соли 2020 ба тавассути иҷрои босифати нақшаҳои тарҳрезишуда Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар ҳаҷми 87,4 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши онро дар сатҳи 7,8 фоиз ва қисми даромади буҷетро дар ҳаҷми 26 миллиард сомонӣ таъмин намояд.

Ба роҳбарони мақомоту идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки имконияту захираҳои мавҷударо барои иҷрои босифати барномаҳои қабулшуда самаранок истифода бурда, ҷиҳати кам намудани вобастагии иқтисодиёти кишвар аз омилҳои берунӣ, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, зиёд намудани ҳаҷми сармоягузорӣ, ҳавасманд намудани истеҳсолот дар самти коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ ва ба ин васила вусъат бахшидани саноатикунонии мамлакат чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҷиҳати иҷрои сифатноку ҳатмии нақшаи даромади буҷет дар соли 2020, пешбинии манбаъҳои воқеии андозбандӣ, иҷрои нақшаи воридоти андозҳо дар маҳалҳо ва муайян намудани сабабҳои иҷро нагардидани нақшаи баъзе намудҳои андоз, кам кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба зиёдшавии онҳо ба роҳбарони вазорату  идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Вазорати молия вазифадор гардид, ки якҷо бо Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва дигар вазорату идораҳо тибқи супорише, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, бонкҳо ва сармоягузорӣ дода шуда буд, ҷиҳати роҳ надодан ба камбудиҳо ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ раванди таҳияи Кодекси андозро дар таҳрири нав суръат бахшанд.

Ҳамчунин, роҳбарияти Вазорати молия муваззаф гардиданд, ки барои баланд бардоштани музди меҳнат ва нафақа аз 1- уми сентябри соли 2020, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ эълон шуд, аз ҳоло тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати такмили низоми нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ чораҳои таъхирнопазир андешида, ҳамкориро дар ин самт бо вазоратҳои молия, тандурус­тӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тақвият бахшад.

Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷиҳати дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва сиёсати пуливу қарзӣ бо истифода аз усулҳои муосир ба таври қатъӣ вазифадор карда шуд.

Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, шаффофияти хароҷоти буҷет дар ҳама зинаи идораи давлатӣ, пешгирӣ кардани ҳолатҳои коррупсионӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо бояд  зери назорати доимӣ қарор дошта бошад.

Вобаста ба раванди саноатикунонии босуръати мамлакат, ки қаноаткунанда нест, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат ва  роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдорро барои андешидани тадбирҳои иловагӣ вазифадор намуданд.

Вазорати кишоварзӣ муваззаф гардид, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати пешгирии талафёбии маҳсулоти кишоварзӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ барои ташкили корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ чораҳои зарурӣ андешад.

Бо назардошти эълон шудани бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф зарур шуморида шуд, ки дар ин самт тадбирҳо андешида, мутахассисони ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ омода карда шаванд.

Вазорати фарҳанг вазифадор карда шуд, ки барои таҷдиди сохтор ва таъмиру азнавсозии китобхонаҳо, таъмини онҳо бо китобҳои тозанашр ва таҷҳизоти муосир, маводи тавсиявию методӣ, тарбияи мутахассисони касбӣ, ташкили таҷрибаомӯзӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, такмили ихтисос чораҷӯйӣ намуда, ҷиҳати таъмини иштироки фаъолонаи ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» чораҳои муассир андешад.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва бо ҷалби шарикони рушд лоиҳаи «Нақшаи бисёрсоҳаи беҳбуди вазъи ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025» — ро таҳия намуда, ба Ҳукумат пешниҳод намояд.

Тавре таъкид шуд, ки дар баробари мусбат ҷамъбаст гардидани соли 2019 ҳанӯз бисёр норасоиву камбудӣ, аз ҷумла, дар сатҳи зарурӣ фаъолият накардани як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ, пурра истифода нагардидани иқтидорҳои истеҳсолӣ барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, таъмин нагардидани нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, дар сатҳи зарурӣ ҷалб накардани сармояи хориҷӣ, таъмин накардани ҳаҷми зарурии қарздиҳӣ ба иқтисодиёт ва дигар камбудиҳо ҷой доранд ва бояд ҳар чӣ зудтар ислоҳ карда шаванд.

Вобаста ба ин, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар сохтору мақомоти дахлдор ва кулли хизматчиёни давлатӣ вазифадоранд, ки камбудиву норасоиҳои дар маҷлиси Ҳукумат зикргардидаро дар давоми сол бартараф намоянд, дастуру супоришҳои Паёми Роҳбари давлатро пурра ва босифат амалӣ гардонанд ва аз натиҷааш ба Ҳукумат ҳисобот диҳанд. Корро дар самтҳои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар, таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоя, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, беҳтар намудани дастрасии корхонаҳои истеҳсоливу хоҷагиҳои деҳқонӣ ба захираҳои молиявӣ ва рушди инфрасохтори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пурзӯр намудани ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди сайёҳӣ ҷоннок намоянд.

Роҳбарони гурӯҳҳои корӣ оид ба амалӣ кардани нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд назорати иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшударо дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тақвият бахшида, ҳар семоҳа оид ба вазъи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, бунёди иншооти гуногун, корҳои ободониву кабудизоркунӣ, хусусан, бунёди боғу токзорҳои нав, беҳдошти ҳолати истифодаи замин, захираҳои об, экология ва ғайра ҳисоботи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро баррасӣ намоянд.

Дар навбати худ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки фаъолияти худро дар самти иҷрои саривақтӣ ва сифатноки нақшаи чорабиниҳо вобаста ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ тақвият бахшида, ҳалли масъалаҳои аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳои корӣ гузошташударо вобаста ба корҳои ободониву бун­ёдкорӣ таъмин намоянд.