22 августи соли 2016 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ибтидо лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин лоиҳаи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳуди «Хенан Чжун-Я Гурўҳи Холдингӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли амиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» пешниҳод шуд.
Сипас, лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат оид ба номивазкунии баъзе маҳалҳои аҳолинишин», «Дар бораи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019», «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои иловапулӣ дар соҳаи варзиш», «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд», «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда», «Дар бораи таъсис додани Комиссияи давлатии қабул барои ба истифода супоридани қитъаи Шоҳон – Зиғари (марҳилаи 3) роҳи автомобилгарди Кўлоб – Қалъаихумб» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра лоиҳаи дигар қарорҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохтору идораҳои назди Ҳукумат ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии масъалаҳои дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишуда ва дигар масъалаҳои муҳиму рўзамарраи ҷомеа, аз ҷумла омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои соҳаҳои роҳу нақлиёт, саноат ва кишоварзӣ, гузаронидани ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, намоиши қолинҳои дастбоф, тарғиби васеи либосҳои миллии адрасу атлас ва фурўши онҳо, омодагии муассисаҳои таълимии кишвар ба Рўзи дониш, равшаннамоии хиёбонҳо, кўчаҳои марказӣ ва боғу гулгаштҳои шаҳру ноҳияҳо ва баланд бардоштани маданияти шаҳрвандӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
www.president.tj