Иттилоия

№86 (4192) 16.07.2020

49837635257_aa2f8381e3_o13 июли соли 2020 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, суръати ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, кишти такрорӣ, андешидани чораҳои санитарӣ — гигиенӣ доир ба пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ҷаласа шахсони масъул — муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба вазъи корҳои кишоварзӣ, ғунучини ҳосил, рафти татбиқи супоришҳои Ҳукумати кишвар оид ба афзоиш додани майдони кишти картошка, таъмини бозори дохилӣ, содироти мева ва сабзавот ба хориҷи мамлакат, омодагӣ ба кишти такрорӣ, тадбирҳои пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус, тайёрии ташкилоту муассисаҳо ба давраи зимистони солҳои 2020 — 2021, иҷрои нақшаи корҳои созандагӣ, вусъати корҳои ободонӣ баҳри истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, омодасозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба соли нави хониш ҳисобот доданд.

50108598482_819a59cfaf_oВобаста ба истеҳсоли маҳсулот, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, таъмини бозори истеъмолии дохили кишвар бо маҳсулоти тару тоза дар ҳама фасли сол, истифодаи босамари гармхонаҳо, иҷрои нақшаи кишти зироатҳо, бахусус, картошка, васеъ кардани майдони кишти такрорӣ аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо ва ҷуворимакка, захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар сардхонаҳо ва таъминоти мева дар бозорҳои дохилӣ ба масъулин супоришҳо дода шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, хатари пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб карданд.

Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо супориш доданд, ки бо мақсади фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба он ва таъмини фаъолияти мунтазами соҳаҳои иқтисодиёт чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешниҳоди тавсияи мутахассисони соҳа барои риояи қоидаҳои санитарӣ — гигиенӣ, таъмини марказҳои саломатӣ бо доруворӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Инчунин, роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманд, беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ, пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту маҳалли зист, коргоҳу иншоот ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ самаранок истифода баранд.

Ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар расонаҳои иттилоотии кишвар супориш дода шуд, ки истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бо истифода аз имкониятҳои ҳар як оила коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маҳсулоти хӯроквориро дар хонаҳо бештар тарғиб намоянд.

Дар охир Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани маъракаи зимистонгузаронӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар шароити камобӣ, омода намудани иншооти соҳаҳои иҷти­моию иқтисодӣ ба давраи зимистон, захираи кофии маҳсулоти хӯрокворӣ, ангишт ва дигар сӯзишворӣ, таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар фасли зимистон, омода кардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, тайёр кардани муассисаҳои миёна ва олии таълимии кишвар, аз ҷумла, донишгоҳу донишкадаҳо, литсею коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳо ба соли хониши 2020 — 2021, вусъат бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.

 www.president.tj