Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№134 (3614) 29.10.2016

30595683335_0bd1743032_o27 октябри соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

 Нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ ва аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ тасдиқ гардид.

Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2017» ва «Дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019» гузориши вазири молия Абдусалом Қурбониён, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, директори Хадамоти гумрук Фаттоҳ Ғойиб, раиси Бонки миллӣ Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва директори Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмуддинов шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва «Дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019» сиёсати иҷтимоии Давлату Ҳукумати кишвар ҳамчун самти афзалиятнок нигоҳ дошта шудааст.

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ дар соли 2017 ба андозаи 19 миллиарду 568 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2016 — ум 1 миллиарду 718 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети соли 2017 — ум 19 миллиарду 863 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, барои соҳаҳои иҷтимоӣ 8 миллиарду 286 миллион сомонӣ ҷудо мегардад.

Дар 9 моҳи соли 2016 нақшаи қисми даромади буҷет 97 фоизро ташкил дод ва ба буҷет 390 миллион сомонӣ кам ворид гардид. Нақшаи даромад аз андоз 100, 4 фоиз ва аз гумрук 87,6 фоиз иҷро шудааст. Ҳаҷми хароҷот 90, 1 фоиз ва бақияпулиҳо 125 миллион сомониро ташкил намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иҷро нашудани қисми даромади Буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли 2016, афзоиши бақияпулиҳо изҳори нигаронӣ карда, ба масъулини Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии як қатор шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки барои ислоҳи камбудиҳо, иҷрои нақшаи даромад, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷоти дуюмдараҷа чораҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ба Ҳукумати кишвар хулосаҳои зарурӣ пешниҳод намоянд.

Ҳамин тавр, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва «Дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019» маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод шуд.

Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» раиси шаҳри Панҷакент ҳисобот дод.

Сипас, ахбори директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалӣ оид ба таҳқиқоти маҷмӯии сотсиологӣ ҷиҳати арзёбии вазъи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади натиҷагирӣ аз татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013 – 2020», муайян намудани сабабу омилҳои коррупсионӣ, муносибати аҳолӣ нисбат ба коррупсия ва муқовимат ба он дар вазорату идораҳо, сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пурсиши сотсиологӣ гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ 88 ҳазор нафар сокини кишвар, кормандони касбу кори гуногун фаъолона ширкат варзиданд.

Иштирокчиён вобаста ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ, роҳҳои паст кардани он пешниҳодҳои худро манзур намуданд.

Аъзои Ҳукумат, ҳамчунин масъалаҳо «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва «Дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2019» — ро баррасӣ ва қабул карданд.

Лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси Олӣ ирсол карда шуд.

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин 9 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» пешниҳод карда шуд.

Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда ва иҷрои дигар тадбирҳо ба аъзои Ҳукумат ва шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj