10 майи соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷаласаи корӣ доир намуданд.
Сарвари давлат ба роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни тадбирҳои омодагӣ ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сари вақт мавриди истифода қарор додани иншооти хурду бузурги ҷашнӣ, татбиқи амалии барномаҳои давлатии рушди соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат, суръатбахшии ҷамъоварии ҳосили саҳро, харидорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъбасти муваффақонаи фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ дар чор моҳи соли 2021 дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор муваззаф гардиданд, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид маъракаи киштукори баҳориро ҳар чӣ зудтар ба анҷом расонида, ҷиҳати сари вақт дастрас намудани нуриҳои минералӣ, техника ва мошинолоти кишоварзӣ, ба кор даровардани заминҳои бекорхобида, бо омодагии комил ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода аз ҳама имконияти мавҷуда самаранок истифода намоянд.
Сарвари давлат, ҳамчунин, ба роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мудофиаи кишвар вобаста ба авзои кунунии сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон андешидани тадбирҳои амниятӣ ва тақвияти ҳифзи марзҳои кишвар, мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус, ҷиноятҳои алоқаманд бо экстремизму терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир супоришҳои қатъӣ доданд.
www.president.tj