Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№87-88 (4349-4350) 01.07.2021

30 июни соли 2021 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он нахуст масъала «Дар бораи нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2021» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки дар нақшаи корӣ аз тарафи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳал­лии ҳокимияти давлатӣ 8 масъала ва 6 чорабинии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пешниҳод гардида, он бо мақсади фаъолияти боз ҳам босамари Ҳукумати кишвар таҳия ва пешниҳод шуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои ҳатмӣ ва босифати чорабиниҳои нақшаи корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сипас, ҳисоботи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 таҳти рақами 160 «Дар бораи Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» шунида шуд.

Таъкид гардид, ки мақсади асосии қабули «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, зиёд намудани саршумори чорвои зотӣ ва истеҳсоли маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо гӯшт, шир, тухм, моҳӣ, асал, инчунин, соҳаи саноат бо ашёи хом ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад. Амалишавии барнома барои ташкили ҷойҳои нави кор ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ низ мусоидат менамояд.

Тибқи маълумоти оморӣ, солҳои 2018-2020 дар ҳама шакли хоҷагидории ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои саршумори чорвои калон, бузу гӯсфанд, асп, паранда, истеҳсоли шир, гӯшт, тухм, моҳӣ ва асал марҳила ба марҳила афзун гардидааст, ки аз дурнамои барнома зиёд мебошад.

Раванди омӯзиш ва таҳлили «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2018-2022» собит намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва татбиқ гардидани имтиёзҳои додашуда ба рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ мусоидат намуда, дар маҷмӯъ нишондиҳандаҳои барнома то ба ҳол ба 116 фоиз баробар гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дастур доданд, ки вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо амалисозии «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022»-ро пурра таъмин намоянд.

Дар кори маҷлис, ҳамчунин, лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла, «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ирсол шуданд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат масъалаҳо «Дар бораи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030», «Дар бораи «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030», «Дар бораи «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», «Дар бораи «Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024», «Дар бораи низомномаи шӯрои диссертатсионӣ, тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, тартиби додани унвонҳои илмӣ ва тартиби бақайд­гирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда», «Дар бораи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», «Дар бораи номивазкунии объектҳои ҷуғрофии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи «Тартиби истифодаи мошинҳои назоратӣ — хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ва низомҳои хазинаҳои шартан (виртуалӣ) ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ», «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон — «Шаҳнавоз»-ро баррасӣ намуданд.

Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷрои ҳатмии супоришҳои қаб­лии Ҳукумати мамлакат ва маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили парвардаи заҳматкашон, аз қабили ғалладонагиҳо, мева, сабзавот ва полезиҳо, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат ва суръатбахшии кишти такрорӣ, инчунин, омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи зимис­тонгузаронӣ дар кишвар, супоришҳо доданд.

Дар хотима Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба хурӯҷи мавҷи дуюми беморӣ ва эмин нигоҳ доштани саломатии мардуми Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки масъа­лаи ваксинагузаронӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсию ҷамъиятӣ, таъмини доруворӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маҳсулоти безараргардонӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд.

www.president.tj