20 январи соли 2022 дар бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Зимни он нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2021 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2022 муайян карда шуд. Нахуст оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2021 ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд.
Тавре таъкид гардид, соли 2021 барои мардуми Тоҷикистон соли, воқеан, таърихӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат пешравиҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ ба амал омаданд, ки барои расидан ба дастовардҳои нав ба нав ҳидоят менамояд.
Дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таҷлил гардидани ҷашни муқаддаси миллӣ – 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин замина бунёд ва мавриди истифода қарор додани беш аз 25 ҳазор иншооти гуногуни таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ барои ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошад.
Ба маълумоти Сарвазири мамлакат дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 98,9 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 9,2 фоизро ташкил намуд. Соли 2021 ба қисми даромади умумии буҷети давлатӣ 29,5 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,3 млрд. сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин, соли 2021 дар кишвар 309 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид.
Зикр шуд, ки бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳоло дар соҳа лоиҳаҳо ба маблағи 16,6 млрд. сомонӣ дар марҳилаи татбиқ қарор дорад.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат нисбат ба соли 2020 -ум 853 млн. кВт. соат ё 4,3 фоиз зиёд гардид.
Инчунин, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 39,7 млрд. сомониро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба соли 2020 ба 106,6 фоиз баробар гардид.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳбудии фазои сармоягузорӣ тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти рушди истеҳсолоти дохилӣ як қатор тадбирҳо андешида шуд.
Маълумот дода шуд, ки моҳҳои январ — сентябри соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба кишвар 1,6 баробар зиёд сармояи хориҷӣ ворид шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 14,7 млрд. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба соли 2020 — ум 23,3 фоиз зиёд мебошад.
- Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имконият фароҳам овард, ки дар давраи ҳисоботӣ 78 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 42 млрд. сомонӣ амалӣ гардад,- таъкид намуд Сарвазири мамлакат ва изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 9,5 млрд. сомонӣ мавриди амал қарор гирифта, аллакай аз аввали татбиқи онҳо 4,8 млрд. сомонӣ аз худ гардидааст.
Соли 2021 ҳаҷми умумии гардиши савдо 40 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 — ум 13 фоиз зиёд мебошад.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳама соҳаи хизматрасонӣ соли 2021 ба 15 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2020 — ум 7,9 фоиз зиёд мебошад.
Новобаста ба вазъияти мураккаб, бинобар паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID — 19, ки вазъияти молиявии давлатҳои ҳамшарики тиҷоратӣ ва воридоти молу маҳсулотро маҳдуд намуд, соли 2021 тамоюли рушди гардиши савдои хориҷӣ таъмин карда шуд.
Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имконият фароҳам овард, ки дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2020 — ум 39,5 фоиз афзоиш ёбад.
Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи маориф беш аз 5,6 млрд. сомонӣ равона шуда, нисбат ба соли 2020, дар маҷмӯъ 592 млн. сомонӣ ё 12 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра бо мақсади рушди инфрасохтори соҳа беш аз 238 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда соли 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 2,3 млрд. сомонӣ равона гардида, нисбат ба соли 2020 — ум 27,6 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ маблағгузории буҷетӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ афзоиш ёфта, соли 2021 ба ин самт 172 млн. сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2020 — ум 23,4 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамчунин, тавассути амалӣ намудани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба ҳисоби миёна беш аз 238 ҳазор шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат фаро гирифта шуда, ба онҳо дар ҳаҷми зиёда аз 110 млн. сомонӣ кумакпулӣ пардохт шудааст.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода низ шунида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави кор, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва сифати корҳои назоратӣ, рақамикунонии соҳа ва дигар тадбирҳои аз ҷониби мақомоти андоз андешидашуда дар соли 2021 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 13 млрд. 722 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 101,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар ҳама минтақаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Кӯҳистони Бадахшон, ба андозаи 114,0 фоиз, вилояти Хатлон – 106,3, вилояти Суғд – 106,0, шаҳри Душанбе – 103,0 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 100,1 фоиз таъмин карда шуд.
Доир ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумруку андоз, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа баъди шунидани ҳисоботи роҳбарияти онҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, бартарафсозии қарзҳои андоз, пардохти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани тамоми муносибати молиявӣ дар ин соҳаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода, доир ба фаъолияти мақомоти назоративу санҷишӣ дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии қонуншиканиҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи мамлакат ҳисобот доданд.
Дастур дода шуд, ки мақомоти прокуратура, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоб ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории мамлакат оид ба истифодаи замин, танзими ҷашну маросим ва дигар соҳаҳо тадбирҳои саривақтӣ ва бетаъхир андешанд.
Ҳамчунин, ҳисоботи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода шунида шуд. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади ҷалби бештари сармоягузорӣ, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ, ба иқтисодиёти кишвар ва муаррифии шоистаи имкониятҳои сармоягузории он дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ 25 форуму ҳамоиши соҳибкорию сармоягузорӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, минтақаҳои Суғд, Хатлон, Рашт ва Кӯлоб бо иштироки сармоягузорону соҳибкорони дохилию хориҷӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар доираи он 50 санаду созишномаи нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии 7,2 млрд. сомонӣ, аз ҷумла барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ба имзо расид.
Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ва раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин низ доир ба соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ ҳисобот доданд.
Ба роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои давлативу саҳомӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ, хусусан сармояи мустақим, устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, қонунигардонии маблағҳо, афзун намудани ҳаҷми қарздиҳӣ, гузариш ба муомилоти ғайринақдӣ ва ба шакли пурраи электронӣ гузаронидани муносибатҳои молиявию бонкӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир зимни гузориш қайд кард, ки эълон намудани солҳои 2022 — 2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат» барои таъмини амалишавии раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи устувор мегузорад.
Бино ба маълумоти ӯ, соли 2021 дар кишвар корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси беш аз 5 ҳазор ҷойи нави кор мавриди истифода қарор гирифта, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22 фоиз афзоиш ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои навро ҷиҳати татбиқи амалии яке аз ҳадафҳои стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, ивазкунандаи воридот ва ба содиротнигаронидашуда, коркарди ниҳоии ашёи хом дар дохили мамлакат ва рушди саноати нассоҷию дӯзандагӣ дар Тоҷикистон вазифадор намуданд.
Ба вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Хайрулло Сафарзода ва сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика Ғолиб Убайдуллозода вобаста ба вусъати корҳои сохтмонӣ ва навсозӣ дар иншооти энергетикии мамлакат, пешгирӣ аз талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, бартараф намудани қарздорӣ вобаста ба таъминоти неруи барқ дар ташкилоту идораҳои соҳа ва вусъати корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда барои сохтмон ва навсозии иншооти энергетикӣ ва иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода ва раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода зимни ҳисобот оид ба истифодаи мақсадноки заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, рушди соҳаи парандапарварӣ, чорводорӣ, зотпарварӣ, моҳипарварӣ, зироату сабзавоткорӣ, рустанипарварӣ, коркарди саривақтии замин ва истифодаи тухмиҳои хушсифат, инчунин, истифодаи нуриҳои минералӣ, ҳолати бартарафсозии камбудиву қонунвайронкуниҳо дар тақсимоти замин ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа ҳисобот доданд.
Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи таълиму тарбия, таъмини рушди устувори соҳаи маориф, бунёду навсозии мактабҳои наву замонавӣ, сари вақт ва тибқи талабот ба ваксинагузаронӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар давраи хурӯҷи бемориҳои сироятӣ, бунёду навсозии бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ, ҳамчунин ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, вазифадор карда шуданд.
Сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Маҳмадсаид Зувайдзода, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷамшед Табарзода, раиси Кумитаи рушди маҳал Қосим Роҳбар ва раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода низ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли минбаъда ҳисобот доданд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни ҳисобот изҳор дошт, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахти мамлакат 4 ҳазору 371 иқдоми созандагӣ амалӣ гардида, иҷрои нақша 104 фоиз таъмин ва 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 50 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 162 километр роҳ, 19 бинои маъмурӣ, 225 иншооти баландошёна бо 161 маркази хизматрасонӣ, 62 майдончаи варзиш, 9 гулгашт бунёд шуда, 2321 бинои истиқомативу маъмурӣ ва 116 хобгоҳ таъмир гардид.
Ба маълумоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2021 маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 1,5 баробар, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 114 фоиз, гардиши савдо — 115, хизматрасониҳои пулакӣ — 123 ва боркашонӣ 104 фоиз афзоиш ёфтааст.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо дар давраи соли 2021 ҳисобот доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати таҳким бахшидани раванди омодагиҳо ба ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳия ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат», ҳалли саривақтии арзу шикояти мардум, дастгирии соҳибкории маҳаллӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо ба хориҷи кишвар, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар охири кори маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба аъзои Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи нақшаи чорабиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти соҳаҳои муҳими кишвар, барои дарёфти роҳҳои пешгирӣ ва кам кардани таъсири омилҳои манфии берунӣ, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, хусусан, ҷиҳати худтаъминкунӣ бо маҳсулоти ғизоӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар ҳузури иштирокчиён суханронӣ карданд.
Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки иҷрои саривақтӣ ва сифатноки нақшаи чорабиниҳоро доир ба дастуру супоришҳои дар Паём баёншуда таъмин намоянд.
Таъкид гардид, ки соли 2021, бо вуҷуди мураккаб ва душвор боқӣ мондани вазъи иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронӣ вобаста ба пешгирӣ кардани таъсири омилҳои манфӣ ба иқтисоди миллӣ, бахусус, паҳншавии бемории сироятии коронавирус, рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 9,2 фоиз таъмин карда шуд.
Вобаста ба ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои муайяншуда, барои ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, татбиқи «иқтисоди сабз» ва дар соли 2022 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намудани суръати рушди иқтисоди кишвар бояд иқтидору имконияти мавҷуда самаранок истифода гарданд.
Дар ин самт вазорату идораҳо вазифадор шуданд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои пурраи барномаҳои соҳавию минтақавӣ ва бартараф намудани камбудиҳои дар татбиқи онҳо ҷойдошта тадбирҳои мушаххас андешанд. Дастур дода шуд, ки дар бахши хусусӣ сиёсати андозу буҷет ба ҳавасманд гардонидани соҳибкории истеҳсолӣ равона карда шавад.
Вазорату идораҳо, инчунин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои идоракунии самараноки молияи давлатӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад, иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷети давлатӣ вазифадор шуданд.
Бо мақсади ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи мардум дар соли ҷорӣ баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳоро вазифадор карданд, ки иҷрои саривақтии ин иқдомро таъмин намоянд.
Ба Вазорати молия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати азхудкунии босифат ва мақсадноки маблағҳои ҷалбшудаи қарзиву грантӣ, инчунин, барои ҷалби маблағҳои иловагӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дастгирии буҷети давлатӣ, тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Доир ба ҷорӣ кардани шакли ягона ва муттаҳидкардашудаи электронии баҳисобгирии амалиёти аз ҷониби андозсупорандагон анҷомдодашаванда ва шакли пардохти ғайринақдӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 низ дастурҳо дода шуданд.
Дар робита ба камбудиҳои ҷиддӣ дар самти хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ ва риояи қатъии интизоми молиявӣ вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои буҷетӣ ва дигар ташкилотҳо вазифадор гардиданд, ки камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро ҳар чӣ зудтар бартараф карда, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва шаффофияти хароҷоти онҳоро таъмин намоянд.
Бонки миллӣ вазифадор гардид, ки бо мақсади ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи хориҷӣ, бахусус, сармояи мустақим, паст кардани фоизи қарзҳо ва зиёд намудани маблағи қарзҳои дарозмуҳлат ба соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан, ба соҳибкории истеҳсолӣ, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва рушди инфрасохтори низоми пардохт, ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ, беҳдошти сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии соҳибкорону кишоварзони ноҳияҳои дурдаст ба хизматрасониҳои бонкӣ, доир ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ ва эътимоди мардум ба низоми бонкӣ тадбирҳои муассир андешад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дигар вазорату идораҳо, инчунин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки ҳангоми ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба лоиҳаҳои дар «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021 – 2025» пешбинигардида афзалият дода, барои татбиқи онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Вобаста ба ислоҳи камбудиҳои дар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ мавҷуда, аз ҷумла дар самти истифодаи мақсаднок ва шаффофи маблағҳо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ вазифадор шуданд, ки татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳо ва бартарафсозии камбудиҳои ҷойдоштаро таъмин намоянд.
Яке аз омилҳое, ки ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ таъсири манфӣ мерасонад, дар сатҳи зарурӣ ҷорӣ нагардидани низоми ҳатмии пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи молиявӣ, тибқи стандартҳои байналмилалӣ, дар корхонаву муассисаҳои кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, Вазорати молия вазифадор карда шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар кишвар чораҷӯӣ намояд.
Намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷи кишвар низ вазифадор шуданд, ки бо мақсади ҷалби сармояи мустақим ба иқтисоди миллӣ ба сармоягузорони хориҷӣ имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистонро мунтазам муаррифӣ карда, фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намоянд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки соли 2021 дар натиҷаи ба истифода додани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 38,8 миллиард сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 22 фоиз зиёд мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди ҳар чӣ бештари ашёи хоми ватанӣ, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили нахи пахта, мева, пилла, пӯсту пашм ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда тадбирҳои қатъӣ андешад.
Зарур шумурда шуд, ки корҳо дар самти зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба ин васила кам кардани вобастагии бозори истеъмолии кишвар аз маҳсулоти воридотӣ тақвият бахшида шаванд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли равғани рустанӣ ва маҳсулоти макаронӣ ва таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо чунин навъҳои маҳсулот Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати афзоиш додани кишти зироатҳои равғандеҳ ва зиёд намудани корхонаҳои муосири истеҳсоли равғану макарон чораҳои иловагӣ андешанд.
Вобаста ба эълон шудани солҳои 2022 – 2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат» Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор гардид, ки якҷо бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати на кам аз 20 фоиз таъмин намудани суръати рушди ҳарсолаи соҳа ва таъсиси корхонаҳои муосир нақшаи чорабиниҳои дахлдорро таҳия карда, «Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020 – 2025» — ро такмил диҳад ва татбиқи босамари онҳоро таъмин намояд.
Ҳамчунин, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои барқарор кардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда чораҷӯӣ намуда, аз натиҷааш ба Ҳукумати мамлакат гузориш диҳанд.
Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки ҳангоми таҳияи нақшаи панҷсолаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ ва бунёди инфрасохтори зарурӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Бо мақсади татбиқи васеи принсипҳои «иқтисоди сабз» Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор шуд, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати дар солҳои наздик бо ҷалби сармояи хориҷӣ таъсис додани корхонаи васлу истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ, инчунин, фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ барои чунин воситаҳои нақлиёт чораҳои амалиро роҳандозӣ намояд.
Вобаста ба истифодаи пурраи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дигар вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати бунёди инфрасохтори зарурӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва дар ин замина фароҳам овардани ҷойҳои нави кор тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Барои таъминоти хонандагони мактабҳои мамлакат бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати ислоҳи ин камбудӣ дар соли 2022 чораҳои фаврӣ ва қатъӣ андешанд.
Таъкид гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ, соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли алюминийи аввалия 23,5 ҳазор тонна ё беш аз 28 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз ин рӯ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва роҳбарияти «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки ҷиҳати пурра барқарор кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулоти ниҳоӣ аз алюминийи аввалия чораҷӯӣ намоянд.
Барои фаъолияти муназзами коргоҳу корхонаҳои саноатӣ дар ҳама фасли сол бо неруи барқ таъмин кардани онҳо нақши асосӣ мебозад. Аз ин рӯ, тақвият бахшидани корҳо дар самти истифодаи самараноку сарфакоронаи неруи барқ, кам кардани талафоти техникиву тиҷоратии он, таъмин намудани самаранокии фаъолияти корхонаҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ, инчунин, вусъат додани татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории вобаста ба рақамикунонӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони соҳа дониста шуд.
Вобаста ба ин, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав ва молия якҷо бо дигар сохтору мақомоти дахлдор вазифадор шуданд, ки доир ба роҳандозӣ кардани низоми ҳавасмандии ҳамкории мутақобила дар байни соҳаҳои марбута, аз ҷумла тавассути ҷорӣ намудани тарифҳои муносиб, ки самаранокии фаъолияти онҳоро таъмин мекунанд, чораҷӯӣ намоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмин намудани истиқлолияти комили энергетикӣ ба кор андохтани иқтидорҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ, аз ҷумла бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергияро, бисёр муҳим арзёбӣ карданд.
Баъди таҳлили гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Агентии содирот ва Палатаи савдо ва саноатро вазифадор намуданд, ки бо мақсади таъмин кардани рақобатнокии маҳсулоти асосии содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва дарёфти бозорҳои нави фурӯш дар доираи «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025» вобаста ба ташкил кардани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда, диверсификатсияи содирот, муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои содироткунандагон корро беҳтар ба роҳ монанд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш гирифтанд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таъминоти корхонаҳои истеҳсолӣ бо манбаъҳои ашёи хом ва воситаҳои ёрирасон барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, рушди содирот, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, инчунин, истифодаи самараноки иқтидорҳои амалкунанда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Вазоратҳои кишоварзӣ, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии содирот ва дигар вазорату идораҳои дахлдор низ вазифадор шуданд, ки доир ба афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бо истифода аз технологияи муосир ташкил намудани гармхонаҳои замонавӣ, коркарди аввалия ва бастубанди маҳсулот, беҳтар намудани низоми баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, интиқоли бемамониати маҳсулот тавассути сарҳади гумрукӣ, истифодаи тарифҳои имтиёзнок барои ҳамлу нақл ва бартараф намудани дигар мушкилоти ҷойдошта чораҳои дахлдор андешанд.
Дар ин самт, зарур шумурда шуд, ки роҳбарону масъулин дар солҳои 2022 – 2023 ҷиҳати бунёди се маркази агрологистикӣ бо имконияти ғунҷоиш ва коркарди зиёда аз 10 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳар яки онҳо дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон чораҷӯӣ намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, баланд бардоштани қобилияти рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, инчунин, беҳсозии фазои шарикиву ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ ва роҳёбӣ ба бозорҳои кишварҳои хориҷӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки дар соли 2022 ҷиҳати шомилшавии кишвар ба низомҳои бархӯрдории тиҷоратии созмону иттиҳодияҳои байналмилалию минтақавӣ корҳоро тақвият бахшад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дахлдор якҷо бо Вазорати кишоварзӣ вазифадор шуданд, ки бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ, таъмини бозори истеъмолии кишвар ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ғалладонагиҳо, картошка, пахта ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо, чораҳои қатъӣ андешанд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки корро ҷиҳати ба фаъолият андохтани Ҷамъияти саҳомии «Азот» тақвият бахшида, бо ҷалби сармояи хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар дигар минтақаҳои кишвар ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании нисбатан арзон чораҷӯӣ намоянд.
Ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии содирот, Палатаи савдо ва саноат ва дигар вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати муаррифии молу маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар доираи бренди миллии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархҳо ба Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида чораҷӯӣ намоянд.
Ҷиҳати рушди соҳаи роҳу нақлиёт вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки дар самтҳои рақамикунонии соҳаи нақлиёти автомобилӣ, таҷдиду навсозии роҳҳои маҳаллӣ, таъмин намудани назорати доимӣ ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраргардида ва босифат иҷро шудани корҳои сохтмону таҷдиди роҳҳо бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ корҳоро тақвият бахшанд.
Бо мақсади омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ба талабот ҷавобгӯ гардонидани сатҳи донишу касбияти хатмкунандагон ба вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм супориш дода шуд, ки бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта механизми додани иҷозатномаҳоро барои муассисаҳои таълимӣ мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати такмили он пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.
Вазорати маориф ва илм якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ чораҳои амалӣ андешида, роҳҳои ҳавасмандгардонии соҳибкоронро дар самти ташкили кӯдакистонҳои хусусӣ омӯхта, пешниҳодҳоро ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд.
Супоришҳои дигар ба Вазорати маориф ва илм вобаста ба назорати иҷрои низоми маблағгузории меъёрии сарикасӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъмини иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (дар риштаи омӯзгорӣ) вобаста ба эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи олимони кишвар дар раддабандиҳои байналмилалии илмӣ, ташкили ихтисосҳои нав дар риштаи саноат ва омода намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳаи техникӣ, технологӣ ва муҳандисӣ дода шуданд.
Барои беҳтар кардани вазъи соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар самти таъмини заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа, инчунин рушди саноати дорусозӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор шуданд, ки бо дарназардошти талабот ва имкониятҳои ҷойдошта барои таъсиси корхонаҳои саноатии истеҳсоли доруворӣ чораҳои қатъӣ андешанд.
Таъкид гардид, ки ҳоло дар ҷаҳон мавҷи нави бемории сироятии коронавирус идома дорад. Бинобар ин, Президенти мамлакат супориш доданд, ки раванди бо ваксина фаро гирифтани гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ бояд вусъат дода шавад, зеро ягона роҳи муассири эмин мондан аз ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.
Ҳамчунин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки лоиҳаи «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҷлили бошукӯҳ ва арзандаи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо, ки дар Паёми Роҳбари давлат омадааст, ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки масъулин нақшаи чорабиниҳои соҳавӣ ва маҳаллиро вобаста ба ин ҷашни бузург таҳия намуда, ҳама захираву имконияти мавҷударо ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва сифатноки онҳо сафарбар намоянд.
Роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Ҳукумат ва сохторҳои марказӣ дар маҳалҳо, дигар сохтору мақомоти дахлдор ва кулли хизматчиёни давлатӣ вазифадор шуданд, ки фаъолиятро ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои дар маҷлис зикргардида, инчунин иҷрои босифати дастуру супоришҳои Паёми Роҳбари давлат, ҷоннок намуда, аз натиҷааш ба Ҳукумат ҳисобот диҳанд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки вазифаи муҳимтарини ҳамаи мо дар панҷсолаи оянда равона кардани тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳо ба хотири вусъат додани бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» — иншооти тақдирсози аср, рушди саноат ва кишоварзӣ, яъне таъмин намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ба раванди ободониву созандагии Ватан сафарбар сохтани хурду бузурги мамлакат мебошад.
www.president.tj