Изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандону наздикони Михаил Горбачев

№108 (4528) 31.08.2022

31.08.2022 12:21, шаҳри Душанбе

Хабари даргузашти Михаил Сергеевич Горбачёв боиси андӯҳи мо гардид.

Таъзия ва тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба ҳамаи пайвандон ва наздикони марҳум иброз намуда, дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба онҳо сабри ҷамил хоҳонем.