Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон хабар медиҳад, ки бистуми июли соли 2021 қалби хоҳари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонова Қурбонбӣ дар синни 64 — солагӣ аз тапидан бозмонд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба бародари марҳум — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва наздикону пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунад.