шаҳри Душанбе, 27 феврали соли 2017
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Хонумон ва ҷанобон!
Мо имрӯз кори созанда ва самарабахшеро анҷом додем, ки дар натиҷа як қатор ҳуҷҷатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҷолиби диққат аст, ки сафари муҳтарам Владимир Владимирович дар соли биступанҷсолагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо сурат мегирад.
Мутмаинам, ки натиҷаҳои он ба рушди маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия набзи нави динамикӣ ва мутаносиб мебахшад.
Россия дар ҳамаи соҳаҳо шарики стратегии Тоҷикистон буд ва мемонад.
Ҳамчун кафили иҷрои созишномаи сулҳ Россия дар раванди барқарорсозии сулҳ ва ризоят дар Тоҷикистон нақши муҳим бозид, дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таҳкими истиқлолияти миллии он саҳми назаррас гузошт.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкорӣ бо Россия дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим ба таври назаррас рушд ёфт.
Пояи ҳуқуқии муносиботи Тоҷикистону Россия, ки тақрибан аз дусаду шаст ҳуҷҷат иборат аст, амалан тамоми ҷанбаҳои ҳамгироии моро, аз ҳарбӣ — техникӣ то лоиҳаҳои бузурги иҷтимоию иқтисодӣ, дар бар мегирад.
Муколамаи дар сатҳи олӣ доиргардида бори дигар дараҷаи олии эътимоди сиёсии тарафайнро, ки мо хеле қадр мекунем, собит намуд.
Ҷонибҳо сатҳи бадастомадаи муносиботи ду кишварро баланд арзёбӣ намуданд.
Мо ба он розием, ки барои минбаъд мукаммал намудани онҳо иқтидори калони истифоданашуда мавҷуд аст.
Барои идомаи муколамаи доимии сиёсӣ ҳавасмандии дуҷониба изҳор гардид, ки ба беҳсозии ҳамгироии мо дар тамоми самтҳо мусоидат мекунад.
Дар раванди музокирот мо вазъ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Россияро дар доираи дуҷониба ва дар арсаи ташкилотҳои байналмилалӣ-СММ, СҲШ, ИДМ ва СААД баррасӣ намудем.
Барои такмили робитаҳои иқтисодии мо вусъат додани ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистону Россия ва таҳкими робитаҳои дар ин соҳа мавҷуда аҳамияти бузург дорад.
Ҷонибҳо, ҳамчунин омодагиро барои идомаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои басо муҳими иқтисодӣ, ба мисли кишоварзӣ, нассоҷӣ ва саноати кӯҳкорӣ, энергетика, бо шумули нафту газ, тасдиқ намуданд.
Омодагӣ ба кори муштарак дар афзудани истеҳсолот ва интиқоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ба бозорҳои Россия таъкид гардид.
Мо доир ба нақши калидии Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар ҳалли мушкилоте, ки имрӯз дар назди мо ҳастанд, фикри ҳамсон доштем.
Масоили муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардиданд.
Мо изҳори умед менамоем, ки пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби ҳукумати Россия дастгирӣ меёбанд.
Мо тасмим гирифтем, ки дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла маориф, як зумра тадбирҳои судманд андешем.
Дар ин замина, муҳимияти фароҳам овардани шароити мусоид барои қонеъ гардонидани таваҷҷуҳи рӯзафзуни шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати фарогирии таҳсилот ба забони русӣ таъкид гардид.
Имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон филиалҳои 3 муассисаи олии Россия фаъолият мекунанд ва дар муассисаҳои олии Россия бошад, қариб 20 ҳазор шаҳрванди мо, аз ҷумла тибқи бурсияҳое, ки ҳамасола аз ҷониби Россия ҷудо карда мешаванд, таҳсил менамоянд.
Мо аз Ҳукумати Федератсияи Россия дар мавриди қарор оид ба зиёд кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар ин соли хониш сипосгузорем.
Дар баробари таҳсили ҷавонони тоҷик дар Россия, бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии нави таҳсил ба забони русӣ дар Тоҷикистон ва инчунин таъмини муассисаҳои таҳсилотӣ бо омӯзгорони забони русӣ, китоб ва ашёҳои хониш ҳамчун масоили мубрам боқӣ мемонанд.
Ҳангоми баррасии масоили байналмилалӣ ба ҳамгироӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояти муташаккили фаромиллӣ диққати махсус зоҳир карда шуд.
Мо ҳамгироии судманд ва самарабахши сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро қайд намуда, оид ба ҳамоҳангии минбаъдаи талошҳои худ дар ин самт ба мувофиқа расидем.
Ба ҳамагон маълум аст, ки беш аз 60 дарсади сарҳади берунаи ИДМ бо Афғонистон ба Тоҷикистон рост меояд.
Кишвари мо дар ин самт дар хатти пеш қарор дорад ва ин ба дӯши мо дар кори вокуниши муносиб ва пешгирии ҳама гуна таҳдидҳову чолишҳое, ки ба вуқӯъ мепайванданд, масъулияти бузургеро вогузор мекунад.
Мо ба вазъи Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, оид ба барқарор намудани сулҳ ва субот дар ин кишвари ҳамсоя фикри ҳамсон доштем.
Талошҳои муштарак доир ба рушди ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникӣ, пеш аз ҳама, бо роҳи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ба хотири таҳкими имконияти мудофиавии кишвари мо ва таъмини амнияти минтақавӣ таъкид карда шуданд.
Дар фарҷом мехостам ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович барои сарфароз гардонидан бо мукофоти олии давлатии Федератсияи Россия – Ордени Александр Невский миннатдории самимии худро изҳор намоям.
Ин мукофотро ман, пеш аз ҳама, ҳамчун баҳои баланд ба саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Россияи бародар арзёбӣ мекунам.
www. president. Tj