Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз имзои санадҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон
Намояндагони муҳтарами воситаҳои ахбори омма!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Дӯстони гиромӣ!
Имрӯз мо бо Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷаноби Олӣ доктор Ҳасани Рӯҳонӣ муколамаи сиёсии байнидавлатии сатҳи олиро дар чаҳорчӯбаи сафари расмӣ идома додем.
Музокирот, ки ба дарёфти роҳу усулҳои нави рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунарса ва ба мавзӯи вазъи иҷрои аҳду паймонҳои қаблӣ ихтисос дошт, барои ҳар ду ҷониб хеле муфид буд.
Аз рӯйи ҷамъбасти музокирот санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Бояд зикр кард, ки то имрӯз байни Тоҷикистону Эрон зиёда аз 100 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки ҳоло мавзӯи иҷрои муассири онҳо масъалаи хеле муҳим ва пураҳамият шудааст.
Дар ҷараёни музокирот таъкид гардид, ки бахши равобити иқтисодӣ пойдевори муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи дуҷониба буда, тасвиби як Барномаи мукаммали густариши дарозмуҳлати ҳамкориҳо ба онҳо хислати муназзам бахшида метавонист.
Ҳар ду ҷониб минбаъд низ фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳоро ҳамаҷониба пуштибонӣ ва ташвиқ хоҳанд кард, зеро он дар тӯли фаъолияти худ ва тавассути ҷаласаҳои баргузоркардааш на фақат ба механизми фаъол барои назорат аз болои иҷрои созишномаҳои дуҷонибаи қаблан имзошуда, балки ҳамчунин ба василаи муносиби муайян намудани соҳаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мубаддал гаштааст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ба татбиқи амалии лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва бунёд кардани неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон, ки ба рушди минтақа низ таъсири мусбат доранд, мусоидат намуда, дар арсаҳои афзалиятнок таъсиси корхонаҳои истеҳсолии муштаракро дар Тоҷикистон ташвиқу пуштибонӣ менамояд.
Мо аз он қаноатмандем, ки тайи даҳ соли охир ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Эрон панҷ маротиба зиёд шуда, танҳо дар зарфи 5-7 соли охир сармоягузориҳои мустақими эронӣ ба иқтисоди Тоҷикистон бамаротиб афзудаанд. Мо ба шарикони эронии худ пешниҳод намудем, ки нисбат ба масъалаи рафъи монеаҳои техникӣ дар роҳи пешбурди тиҷорати дуҷониба ва такмили сохтори он, якҷоя бо мо тадбирҷӯйӣ намоянд. Дар ин гуфтушунидҳо муҳиму зарур дониста шуд, ки робитаҳои ҳамкории байни утоқҳои бозаргонӣ ва саноатӣ ва мақомоти марбутаи рушди соҳибкории ҳар ду кишвар вусъат дода шаванд.
Дар ҷараёни музокирот таъкид гардид, ки густаришу таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Эрон ба раванди сулҳу субот ва рушди устувор дар минтақа хизмат кардааст ва минбаъд низ мусоидат хоҳад намуд.
Ҳангоми баррасии мавзӯоти минтақавӣ масоили Афғонистон ҷойгоҳи хоссае дошт. Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоварем, то ба раванди бозсозӣ ва рушди иқтисодиёти Афғонистони ҳамҷавор, фаъолона мадад намоянд.
Ҷонибҳо масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳро низ, ки хислати дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ доранд, дар фазои дӯстона ва созанда мавриди табодули афкор қарор доданд.
Итминони комил дорам, ки бо саъю талоши муштарак мо қодирем ҳамшарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро бомуваффақият идома дода, муносибатҳои воқеан бародаронаи кишварҳову мардумонамонро ба зинаҳои баландтар бардорем.