Ашқобод, чоруми августи соли 2021
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Пеш аз ҳама, мехоҳам бори дигар ба Президенти Туркманистон, дӯсти азизам, муҳтарам Гурбонгулӣ Мяликгулиевич барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Туркманистон изҳори сипос намоям.
Рамзист, ки сафари ман ба Туркманистони дӯст дар арафаи муҳимтарин рӯйдоди кишварҳои мо — сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ сурат мегирад.
Ман шоҳиди бевоситаи он ҳастам, ки дар тӯли солҳои охир Туркманистон чӣ гуна босуръат рушд кардааст ва симои Ашқобод чӣ гуна тағйир ёфтааст.
Дар кишвар раванди роҳандозии иқтидори маҷмӯи агросаноатӣ, саноати сабук ва нефту газ, инчунин, дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ босуръат амалӣ мешуд.
Дар ҳамаи ин, бешубҳа, хизмати шоистаи муҳтарам Гурбонгулӣ Мяликгулиевич аст, ки тамоми саъю кӯшиши худро ба нафъи халқи худ медиҳад.
Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам Шумо, муҳтарам Гурбонгулӣ Мяликгулиевич ва дар симои Шумо мардуми дӯсти Туркманистонро бо ин санаи ҷашнӣ табрик намоям.
Дар тӯли сӣ соли соҳибистиқлолӣ кишварҳои мо дар самти ҳамкории созандаи байнидавлатӣ таҷрибаи ғанӣ гирифтанд.
Бо такя ба ин таҷриба, мо тасмим дорем минбаъд низ тамоми маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро, ки имрӯз дорои хусусияти стратегӣ мебошанд, пеш барем.
Зимни мулоқоту музокироти имрӯза мо вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро дар доираи Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ муфассал баррасӣ кардем.
Дар ин замина, мехоҳам аҳамияти санадҳои дуҷонибаи имрӯз баимзорасидаро, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои моро, бахусус, дар самти иқтисоду тиҷорат ба таври назаррас пурра мекунанд, тазаккур диҳам.
Мо ба тавофуқ расидем, ки доираи ҳамкориҳоямонро дар бахшҳои гуногуни иқтисод тавсеа бахшем.
Таваҷҷуҳи хосса ба афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва тавсеаи доираи он бо дарназардошти имконоти ҷонибҳо дода шуд.
Тазаккур дода шуд, ки дар соҳаи кооператсияи саноатӣ корҳои анҷомнадода зиёданд ва ба мувофиқа расидем, ки амалияи мубодилаи таҷриба дар соҳаи саноати сабук, алалхусус, дар соҳаи саноати нассоҷӣ, инчунин, коркарди амиқи пахта ба роҳ монда шавад.
Мо, инчунин, оид ба вусъат додани робитаҳо дар соҳаҳои асосии иқтисод, ба монанди энергетика ва кишоварзӣ, табодули афкор намудем.
Иқтидори бузурги ҳамёрӣ дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсияро зикр намуда, оид ба густариши ҳамлу нақли транзитӣ мубодилаи афкор кардем.
Ҷониби Тоҷикистон итминон дорад, ки роҳандозии шаклҳои нави ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо метавонад омили рушди назарраси равобити иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишвар гардад.
Зимни мулоқоту музокирот ба ҳамёрӣ дар соҳаи фарҳангӣ — гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Мо боварӣ дорем, ки ин самти фаъолият ба ҳифз ва таҳкими робитаҳои маънавӣ ва фарҳангии халқҳои бародарамон мусоидат мекунад.
Дар бораи тақвият бахшидани робитаҳо дар соҳаҳои илму техника, маориф, фарҳанг ва санъат ба тавофуқ расидем.
Мо, инчунин, оид ба ҳамкории зич дар соҳаҳои сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон ба мувофиқа расидем.
Мо имрӯз аҳамияти ба роҳ мондани ҳамкории зичро дар соҳаи тандурустӣ тазаккур додем. Ҳамёрӣ байни муассисаҳои таълимии тиббӣ густариш дода мешавад.
Мутахассисони ду кишвар ба татбиқи лоиҳаҳое, ки ба табодули таҷриба дар самти ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ нигаронида шудаанд, шурӯъ мекунанд.
Иқтидори минтақаҳои мо фаъолонатар истифода бурда мешавад. Имрӯз санади ҳамкорӣ байни вилоятҳои Суғд ва Аҳал ба имзо расид.
Тоҷикистон ва Туркманистон иштирокчиёни муҳими равандҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошанд.
Мо оид ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамаҷониба мубодилаи афкор намудем.
Муҳимияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳо ва таҳкими ҳамкорӣ дар доираи фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ҳар ду ҷониб аъзои онҳо мебошанд, зикр карда шуд.
Мо, инчунин, аҳамияти таҳкими нақши калидии СММ ва ниҳодҳои онро дар ҳалли масъалаҳои глобалии рушди устувор, таҳкими амният ва субот тазаккур додем.
Мо оид ба идома додани таҷрибаи дастгирии мутақобилаи номзадҳо ва ташаббусҳои якдигар дар маҷрои бисёрҷониба, пеш аз ҳама, дар СММ, изҳори ҷонибдорӣ кардем.
Зимни мулоқоту музокирот мо ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо таваҷҷуҳ зоҳир кардем.
Ба дӯстони туркманамон барои дастгирии ташаббусҳои мо дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва таъсис додани «Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» изҳори миннатдорӣ менамоем.
Ба масъалаҳои амниятӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Мо тақвияти ҳамкориро дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ҷонибдорӣ намудем. Мо масъалаи Афғонистонро, ки нисбат ба он кишварҳои мо мавқеи муштарак доранд, муфассал муҳокима кардем.
Мо доир ба амалҳои муштараки минбаъда барои барқарор кардани сулҳу субот дар Афғонистон изҳори ҷонибдорӣ намудем.
Натиҷаҳои мулоқоту музокироти имрӯза, бидуни муболиға, ба мо имкон медиҳанд, ки ба ояндаи наздики шарикии кишварҳоямон бо хушбинӣ ва умедҳои нек назар кунем.
Ман муҳтарам Президенти Туркманистонро даъват кардам, ки дар вақти барояшон муносиб аз Тоҷикистон боздид ба амал оваранд.
Илова бар ин, бо камоли эҳтиром Гурбонгулӣ Мяликгулиевичро даъват намудам, ки дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки моҳи оянда дар Душанбе баргузор мешавад, ба ҳайси меҳмони фахрии Раис иштирок намоянд.
Мо аз дидори Шумо дар сарзамини Тоҷикистон шод хоҳем шуд.
Бори дигар ба Шумо, муҳтарам Гурбонгулӣ Мяликгулиевич ва дар симои Шумо ба мардуми шарифи Туркманистон барои пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос менамоям.