Тошканд, 17 августи соли 2018
Муҳтарам Шавкат Миромонович! Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Пеш аз ҳама, мехоҳам бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёев барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Ӯзбекистони бародар самимона ва сидқан изҳори миннатдорӣ намоям.
Мо аз ин сафар бениҳоят хушнудем ва ба натиҷаҳои он аҳамияти махсус медиҳем.
Тавре аллакай зикр гардид, аз рӯи натиҷаҳои музокироти имрӯза мо қарорҳои дорои аҳамияти таърихӣ қабул намудем.
Ин қарорҳо заминаи пешбурди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сатҳ ва шакли сифатан нав муайян мекунанд.
Аз ҷониби худ, ҳамчунин мехоҳам аҳамияти бузурги бастаи санадҳои имрӯз баимзорасидаро, ки заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории бисёрҷанбаамонро васеъ мегардонад, зикр намоям.
Дар байни онҳо, санади калидӣ ва заминавӣ – Созишнома оид ба шарикии стратегӣ мебошад.
Қарор дар бораи ба сатҳи баланди шарикии стратегӣ баровардани ҳамгироии байнидавлатиамон комилан натиҷаи қонунӣ ва мантиқии тағйироти бузурги мусбии муносибатҳоямон мебошад.
Дар робита ба ин, мехоҳам талошҳои дуҷонибаи тарафҳоро ҷиҳати татбиқи амалии қарорҳое, ки зимни сафари таърихии муҳтарам Шавкат Миромонович ба Тоҷикистон моҳи марти соли равон қабул шудаанд, махсус зикр намоям.
Натиҷаҳои он омили муҳими рушди босуръати тамоми маҷмӯи ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шакли нав гардиданд.
Ба ин асосан ҳалли маҷмӯии масъалаҳои муҳим ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаамон мусоидат карданд.
Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши мол миёни кишварҳоямон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар афзуд.
Танҳо дар доираи Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории ҷонибҳо, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон доир гардид, ҳабдаҳ санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз шашсад миллион доллари америкоӣ ба имзо расид.
Имрӯз қисме аз онҳо, аз ҷумла оид ба ҳамкорӣ дар самти интиқоли неруи барқу газ ва дар бахши молиявии ҷонибҳо, дар марҳилаи татбиқи фаъол қарор доранд.
Итминон бар он дорам, ки натиҷаҳои намоишгоҳи «Истеҳсоли Тоҷикистон» ва Форуми соҳибкории муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон низ, ки дар доираи сафари мо баргузор мешаванд, чунин самарабахш хоҳанд буд.
Бо фароҳам овардани шароити мусоид барои рафтуомади озоди шаҳрвандон шумораи сафарҳои мутақобила ба таври назаррас зиёд гардид.
Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ бо мақсадҳои гуногун, аз ҷумла сайёҳӣ, сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистонро беш аз як миллион нафар шаҳрванди кишварҳои мо ва дигар кишварҳо гузаштаанд.
Ҷониби Тоҷикистон тасмим дорад, ки дар роҳи фарохи сифатан нави муносибатҳои дуҷониба мунтазам ба пеш равад.
Дар ин росто, мо иқдомҳои муштараки минбаъдаро, ки ба таҳкими натиҷаҳои амалии дар тамоми ҷанбаҳои ҳамкорӣ бадастомада равона гардидаанд, ҷонибдорӣ намудем. Ин, аз ҷумла, ба соҳаҳои заминавии иқтисодию тиҷоратӣ низ вобаста аст.
Дар робита ба ин, ба диверсификатсияи минбаъдаи номенклатураи гардиши савдои дуҷониба изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Ба масъалаҳои беҳтар гардонидани шароит барои амалиёти содиротию воридотӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли муштарак ва ҳамкории сармоягузории ду кишвар таваҷҷуҳи дахлдор зоҳир гардид.
Зимни музокирот мо муҳимияти идома додани кори муштаракро дар самти беҳтар намудани шароит барои истифодаи мутақобилан судманди иқтидори транзитӣ-нақлиётии ҷонибҳо таъкид доштем.
Дар ин замина, тадбирҳои андешидаи ҷонибҳо барои таҳким ва нигоҳдории фаъоли механизмҳои ҳамгироии мутақобилаи дуҷониба комилан саривақтӣ ба ҳисоб мераванд.
Фикр мекунам, ки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бояд такондиҳандаи қабули қарорҳои таъхирнопазир оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар ҳама самтҳо гардад.
Дар самти ҳамгироӣ ва робитаҳои мустақими шаҳрҳо ва вилоятҳои ҳар ду кишвар имкониятҳои бузург мавҷуд мебошанд.
Аз ин рӯ, мо ба имзо расидани созишномаҳо дар бораи ҳамкорӣ миёни мақомоти маҳаллии вилоятҳои Хатлон ва Сурхондарё, инчунин вилоятҳои Суғд ва Самарқандро истиқбол менамоем.
Мо бо Шавкат Миромонович муҳимияти ҳамкории минбаъдаи созандаро дар самти истифодаи захираҳои об ва энергетика зикр намудем.
Муносибатҳои байнидавлатӣ муваффақ буда наметавонанд, агар онҳо ба робитаи байни одамони одӣ ва муоширати инсонӣ мусоидат накунанд.
Бо дарназардошти самараи мусбии ҷорӣ намудани расмиёти содагардонидашудаи сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар, мо доир ба либерализатсияи минбаъдаи низоми сафарҳои мутақобила байни ду давлат изҳори назар кардем.
Муҳимияти таъмини кори мураттаби сохторҳои дахлдори сарҳадӣ доир ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рафтуомади озоди мардум, сармоя, мол ва хизматрасониҳо зикр гардид.
Моро далели густариши робитаҳо ва мушаххасоти пурғановати онҳо дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ хушҳол месозанд.
Мубодилаи ҳайатҳои эҷодӣ, иштироки мутақобила дар фестивалҳо, конфронсҳои илмӣ, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳое, ки дар ду кишвар баргузор мешаванд, анъанаи нек мегардад.
Ҳамаи ин ба таҳкими ҳусни тафоҳуми мардумонамон ва наздикшавии минбаъдаи онҳо мусоидат мекунад.
Таъкид шуд, ки дар ин раванд ҷамъиятҳои тоҷикону ӯзбекони дар ҳудуди ду кишвар зиндагидошта нақши муҳим мебозанд.
Дар ин замина, мо муҳимияти андешидани тадбирҳои амалӣ оид ба масъалаи вусъат додани шабакаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои азхудкунӣ ва таълими забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ мутаносибан дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро таъкид намудем.
Дар доираи сафар созишномаи муҳим дар бораи эътирофи мутақобилаи санадҳои намунавии давлатӣ дар соҳаи маориф ба имзо расид. Ин иқдом роҳро ба сӯи густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илм боз мекунад.
Мо ба ҳайси шарикони стратегӣ ҳамоҳангӣ ва ҳамгироии зичтарро дар соҳаи амният ва мудофиа ҷонибдорӣ намудем.
Ҷонибҳо ба муборизаи муштарак бо терроризм, экстремизм, зуҳуроти идеологияи ифротгаройи динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, инчунин таҳкими ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳанд кард.
Дар ин росто, масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳои имзошуда оид ба ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти амният ва идораҳои мудофиа дар мадди назари ҷонибҳо хоҳанд буд.
Мо ҳамкориҳои натиҷабахшро дар ин самтҳо чун омили пойдории сулҳу субот дар кишварҳоямон ва дар тамоми минтақа мешуморем.
Барои мо ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дар соҳаи дипломатияи бисёрҷониба низ, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи СММ, ИДМ, СҲШ, инчунин дигар сохторҳои байналмилалӣ, аҳамияти муҳим дорад.
Мо азм дорем, ки кӯшишҳои бештарро барои наздикшавии минбаъдаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба роҳ мондани тамоюли мусбат оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ ба харҷ диҳем.
Тоҷикистон ҳамчун ҷонибе, ки ҳамеша барои муколамаи созанда дар ин масоил кушода аст, ташаббуси Шавкат Миромоновичро доир ба гузаронидани мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Ӯзбекистон соли оянда, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз, ҷонибдорӣ менамояд.
Зимни муҳокимаи мавзӯи Афғонистон дар рафти музокирот мо натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Афғонистонро, ки охири моҳи марти соли ҷорӣ дар Тошканд доир шуд, баланд арзёбӣ намудем.
Дар ин замина, мо амалҳои минбаъдаи муштаракро, ки ба мусоидати ҳамаҷонибаи раванди сулҳҷӯёна ва сулҳофари минбаъда дар ин кишвари ба мо ҳамсоя равона шудаанд, ҷонибдорӣ намудем.
Мо муваффақиятҳо ва дастовардҳои Ӯзбекистонро доимо пайгирӣ менамоем, аз онҳо самимона хушҳолем ва эҳсоси ифтихор аз бародарони ӯзбек дорем.
Ҷониби Тоҷикистон аз суръати рушди шарикии ду кишвар, ки бо шарофати робитаҳои доимии сиёсӣ, аз ҷумла дар сатҳи баланд ба дараҷаи назаррас расидааст, қаноатманд мебошад.
Мо дар оянда низ муколамаи боэътимоди зичи байнидавлатиро дар ҳама сатҳҳо ва шаклҳои гуногун вусъат хоҳем дод.
Ман бародари азизам, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёевро, даъват намудам, ки дар дилхоҳ фурсати барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Бори дигар ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович ва дар шахсияти Шумо ба мардуми бародари Ӯзбекистон, барои истиқболи хоса, гарму самимӣ ва меҳмоннавозии анъанавии ӯзбекӣ изҳори миннатдорӣ менамоям.
Дар фарҷоми суханронии худ, мехоҳам иқдоми неки маънавӣ ва фарҳангии бародарам, муҳтарам Шавкат Миромоновичро, идома диҳам.
Тавре дар урфият мегӯянд, як китоби хуб беҳтар аз як хазинаи бузург аст.
Аз ин рӯ, мехоҳам дурдонаҳои адабии классикони адабиёти тоҷику ӯзбек ва инчунин нависандагону шоирони муосирро ба Шумо ҳадя намоям.
Инҳо маҷмӯаҳои «Гулбоғи ошно», «Рӯдакӣ», «Армуғони дӯстӣ» ва ҳамчунин, маҷмӯаи асарҳои Алишер Навоӣ – «Чашмаи хирад» мебошанд.
Ин китобҳо, фикр мекунам, ба Шумо писанд меоянд ва манфиати зиёд ба бор хоҳанд овард.
www.president.tj