Арманистон, 14 июни соли 2017
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Хонумон ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, мехостам ба муҳтарам Серж Азатович Саргсян, Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Арманистон барои меҳрубонӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори миннатдорӣ намоям.
Рамзист, ки сафари расмии кунунӣ дар соли биступанҷумин солгарди барпо гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат сурат мегирад.
Аз ин нуқтаи назар, мо сафар ва натиҷаҳои онро ҳамчун идомаи самти таҳким бахшидани муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Арманистон мепиндорем, ки дар давраи истиқлолият мунтазам рушд менамоянд.
Мулоқотҳои имрӯзаро мо ҳамчун марҳалаи нави муколамаи сиёсии доимии байни ду давлат, аз ҷумла дар сатҳи олӣ меҳисобем.
Зимни музокирот мо маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кардем.
Мо рушди минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Арманистонро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, илму техника, фарҳанг, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷонибдорӣ намудем.
Ҷонибҳо ҳамфикр буданд, ки ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо то ҳол ба имконоте, ки дар кишварҳои мо мавҷуданд, ҷавобгӯ нест.
Ҷонибҳо дар доираи баррасии самтҳои муҳими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ муҳимияти густариши ҳамкориро миёни субъектҳои хоҷагидорӣ ва бахши хусусии ду давлат зикр намуданд.
Мо тасмим гирифтем, ки имконоти мавҷударо пурратар истифода барем, то ҳаҷми гардиши молро ба таври назаррас зиёд ва лоиҳаҳои муштараки иқтисодиро татбиқ намоем.
Ба пурра гардонидани мазмуни амалии ҳамгироии мо дар бахшҳои воқеиии иқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Мо ширкатҳои Арманистонро даъват намудем, ки бо истифода аз имконоти сармоягузорӣ ва технологияҳои нави худ дар лоиҳаҳои мо, ки аз нуқтаи назари манфиати иқтисодӣ ҷолибанд, ширкат намоянд.
Дар мо чунин лоиҳаҳо ва барномаҳо дар соҳаҳои энергетика, сайёҳӣ, саноати кӯҳӣ, саноати сабук, саноати хӯрокворӣ ва коркард, инфрасохтори нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин тандурустӣ, мавҷуданд.
Мо омодаем, ки барои ин шароити мусоид фароҳам орем.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамгироиро дар доираи Комиссияи байниҳукуматии амалкунанда оид ба масоили ҳамкории иқтисодӣ фаъолонатар идома диҳанд.
Зимни мулоқоту музокироти имрӯза мо инчунин имконоти назаррасро барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва гуманитарӣ муайян кардем.
Муҳимияти рушди минбаъдаи робитаҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои илму техника, илм, маориф ва фарҳанг таъкид гардид.
Ҷонибҳо ба имзо расидани маҷмӯи нави созишномаҳоро аз рӯйи натиҷаҳои музокирот, ки ба таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ равона шудаанд, муҳим эътироф карданд.
Мо доир ба як зумра масоили муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули назар намудем.
Дар мадди назари мо масоили таҳкими минбаъдаи субот ва амнияти минтақа буданд.
Дар робита ба ин, мо вазъ ва дурнамои ҳамгироиямонро дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, СААД ва дигар созмонҳои бисёрҷониба баррасӣ намудем.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккил тасдиқ намуданд.
Зимни баррасии масоили дорои хусусияти минтақавӣ, мо бо Серж Азатович оид ба мушкилоти Афғонистон табодули афкор намуда, вобаста ба бад шудани равандҳое, ки дар давлатҳо ва минтақаҳои ҷудогона рух медиҳанд, изҳори нигаронии ҳамсон намудем.
Бо дарназардошти таҷрибаи сулҳоваронаи худ, мо принсипҳои ҳалли мусолиматомези мухолифатҳо ва низоъҳои мавҷударо дар доираи меъёрҳои байналмилалии эътирофгардида қатъиян ҷонибдорӣ менамоем.
Музокирот, ба назари мо, самарабахштарин роҳи ҳалли чунин мушкилоти мураккабест ба монанди мушкилоти Қарабоғи Кӯҳӣ.
Дар фарҷом, мехостам қаноатмандиамонро аз натиҷаҳои музокирот, ки дар фазои дӯстӣ, созандагӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, таъкид намоям.
Итминон дорам, ки натиҷаҳои мулоқотҳои расмии имрӯза барои таҳким ва рушди ҳамкории байни давлатҳои мо ба манфиати ду халқ уфуқҳои навро боз хоҳанд кард.
Ман муҳтарам Серж Саргсянро даъват намудам, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Умед дорам, ки идомаи муколамаи мо дар шаҳри Душанбе ба тақвияти ҳамкории мусбати ду давлат мусоидат хоҳад кард.
Ба диққататон ташаккур.