ИЗҲОРОТИ МАТБУОТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ФАРҶОМИ МУЗОКИРОТИ ҲАЙАТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ АФҒОНИСТОН

№61 (3541) 12.05.2016

шаҳри Душанбе, 10 майи соли 2016

Муҳтарам намояндагони воситаҳои иттилооти умумӣ!

Хонумҳо ва ҷанобон!

Имрӯз мо дар чаҳорчӯбаи мулоқоту музокироти созанда амалан ҳама арсаҳо ва соҳаҳои ҳамкории ду кишвари дӯст ва масоили муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи кунунии Афғонистонро баррасӣ намудем.

Масъалаҳои тақвият ва таҳкими бештари муносибатҳои неки ҳамҷавории ду кишвар ва дастёбӣ ба сатҳи навин ва пешрафтаи ҳамкории ҳамаҷонибаи онҳо дар меҳвари муколамаи сатҳи олӣ ва музокироти расмӣ қарор доштанд.

Сафари нахустини расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар марҳалаи муҳими рушди ҳамёрии ду кишвар дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ ҷараён мегирад.

Талошҳои муштараку ҳадафмандонаи мо ҷиҳати оғози корҳои сохтмонӣ дар тарҳи минтақавии КАСА-1000, ки маросими ифтитоҳи он ду рӯз пас дар Тоҷикистон доир мегардад, рамзи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад.

Мутмаинем, ки татбиқи пайгиронаи ин тарҳи дорои аҳамияти ҳаётан муҳим ба таъмини пешрафту ободӣ ва рӯзгори осудаи мардумони кишварҳои мо мусоидати ҷиддӣ ва ниҳоят муассир хоҳад кард.

Дар мулоқоту музокироти мо ҳамчунин, ба дарёфти роҳҳо ва василаҳои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноке, ки ба тавсеаи имкониятҳои зербиноӣ ва транзитиву нақлиётии минтақавӣ роҳ мекушоянд, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Ҳар ду ҷониб бар онанд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо ҳамкории дуҷониба ва минтақавиро ба сатҳи комилан нав бардошта, омили таъмини субот ва пешрафти кишварҳоямон ва тамоми минтақа хоҳад гардид.

Дар музокирот мавзӯоти амниятӣ ва таҳаввулоти ҷории сиёсӣ муфассалан баррасӣ гардиданд.

Дар ин ҷода талоши фаъол ва содиқонаи ҳамаи кишварҳои минтақа ва шарикони онҳо дар чаҳорчӯби як стратегияи возеҳ ва ҳадафманд комилан зарур дониста шуд.

Ҳар ду ҷониб зарурати тақвияти равобити марзӣ ва таъмини амнияти онро таъкид намуданд.

Мо пайгирона талош хоҳем кард, ки тавассути эҷоди шароити мусоид марзи ду кишварро ба марзи субот, дӯстӣ ва ҳамкорӣ табдил диҳем.

Зимни баррасии мавзӯоти амният ва суботи минтақавӣ зарурати муборизаи усулӣ бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид.

Ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар ин самт аз ҷониби мо чун амри ҳаётӣ маънидод шуд.

Рӯйдодҳои охир дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон нишон медиҳанд, ки терроризм, экстремизм ва кочоқи маводи мухаддир ба хатарҳои азимтарини олами муосир табдил ёфтаанд.

Майдони фаъолияти даҳшатноку нафратовари терроризм торафт фарох гардида, қувват гирифтани он вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

Мо борҳо изҳор карда будем, ки яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.

Аз ин лиҳоз, мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бояд чун ҷузъи ҳатмии мубориза бо неруҳои терроризм ва экстремизм шинохта шавад.

Ҷониби Тоҷикистон хоҳони мусоидати бештари иҷтимоиву ҷомеаи байналмилалӣ ба Афғонистон мебошад.

Миёни ҷонибҳо мубодилаи озоди афкор дар бораи роҳҳо ва василаҳои таъмини сатҳи босамар ва навини ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва техникӣ сурат гирифт.

Мо зарурати густариши равобити фарҳангиву илмӣ ва дар ин замина муоширати васеи адибон, фарҳангиён ва донишмандони ду кишвари дӯстро таъкид намудем.

Ҳар ду ҷониб аҳамияти густариши пайгиронаи ҳамкории минтақавиро таъкид сохтанд.

Ҷониби Тоҷикистон аз нақши афзояндаи Афғонистон дар умури минтақа истиқбол карда, ҷиҳати идомаи ҳамёрии густурда бо он дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ниҳодҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба, омодагии худро изҳор менамояд.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки хостори рафъи мушкилоту бархӯрдҳо дар ҷаҳони ислом ва таъмини сатҳи навини ҳамкории кишварҳои исломӣ ҳастанд.

Мо бар онем, ки таҳкими низоми байналмилалӣ дар асоси усул ва меъёрҳои пазируфташудаи ҳамагонӣ бо нақши марказии Созмони Милали Муттаҳид ба нафъи кишварҳои минтақа ва тамоми ҷаҳон мебошад.

Мехоҳам таъкид намоям, ки мулоқоту музокироти мо дар фазои ҳусни ният, самимият ва эҳтироми мутақобил ҷараён гирифта, мавқеи ҷонибҳо дар мавриди масоил ва мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ягона ё наздик мебошад.

Дар марҳалаи кунунӣ Тоҷикистону Афғонистон амалан манфиатҳои зиёди муштарак доранд, ки ҷавҳари онҳоро таъмини амнияту субот ба манзури эҷоди заминаи пешрафти ду кишвар ва тамоми минтақа ташкил медиҳад.

Ҷониби Тоҷикистон аз сафари нахустини расмӣ ва дӯстонаи Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ибрози қаноатмандӣ намуда, онро иқдоми муҳим дар таҳким ва рушди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар арзёбӣ менамояд.

Мо даъвати Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғаниро ҷиҳати боздиди ҷавобии расмӣ аз кишвари дӯсти Афғонистон бо камоли сипос қабул намудем.

Муҳлати анҷоми ин сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ мушаххас хоҳад шуд.