аз натиҷаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон
17 декабри соли 2016, Ҳиндустон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон 14-18 декабри соли 2016 ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафари давлатӣ намуданд. Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Раштрапати Бҳаван ва мулоқотҳои ӯ бо Президент Пранаб Кумар Мукерҷи, муовини Президент Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ ва Сарвазир Нарендра Моди сурат гирифтанд.
Президенти Тоҷикистон ва Сарвазири Ҳиндустон доираи васеи масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуданд. Гуфтушунидҳо дар фазои гарму самимӣ, ки эътимоди мутақобилро инъикос мекунад ва хоси муносибатҳои ду шарики стратегӣ бо пайвандҳои амиқи таърихӣ, забонӣ, одобу русум, ҳунар ва фарҳанг аст, баргузор шуданд. Ҳар ду роҳбар аз ҳамкории наздики ду кишвари дунявӣ, сулҳҷӯ ва ҳамҷавор изҳори қаноатмандӣ карданд. Бо ишора ба таҷлили 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соли 2017, онҳо тааҳҳуди хешро ҷиҳати боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи муносибатҳои дуҷониба баён намуданд.
Сарвазир Нарендра Моди аз сафари бомуваффақияти худ ба Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2015 ёдовар шуд ва аз меҳмоннавозии гарм, ки нисбат ба ӯ сурат гирифта буд, изҳори қадрдонӣ кард ва гуфтушунидҳоро бо Президент Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи июли соли 2015 дар Душанбе ва моҳи июни соли 2016 дар ҳошияи вохӯрии сарони кишварҳои аъзои СҲШ дар Тошканд самарабахш арзёбӣ намуд.
Ду роҳбар ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ҳавзаҳои мудофиа ва амният баррасӣ намуданд ва қарор шуд, ки ба ҳамкориҳо дар ин самт минбаъд низ таҳкиму тавсеа бахшида шавад. Тарафҳо аз баргузории бомуваффақияти машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар сатҳи муовинони вазир 17 ноябри соли 2016 ва вохӯрии Гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа 2 ноябри соли 2016 истиқбол намуданд ва ба мувофиқа расиданд, ки ин гуна машваратҳо бояд дар баробари Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, Гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза алайҳи терроризм ва машваратҳои мунтазам байни шӯроҳои амнияти миллӣ дар ростои манофеи муштарак идома ёбанд.
Ҳар ду роҳбар вазъияти минтақаро баррасӣ карданд ва таъкид намуданд, ки терроризм ва ифротгаройӣ ба сулҳ, субот ва пешрафти ҳамаи кишварҳо таҳдиди ҷиддӣ мекунанд.
Ҳар ду роҳбар ба мувофиқа расиданд, ки терроризм дар ҳамаи шаклҳо ва зуҳуроташ бояд бидуни фарқ гузоштан байни террористи бад ё хуб маҳв гардад ва дар ин росто даъват карданд, ки ба сарпарастӣ, ҳимоят, таъмини паноҳгоҳҳо ва шароити амн ба террористон хотима гузошта шавад. Ҳар ду роҳбар бори дигар азми худро ҷиҳати тақвияти ҳамкории дуҷониба бар зидди терроризм, тавсеаи робитаҳо дар заминаҳои амнияту дифоъ ва инчунин роҳандозии фаъолият дар самти қабули ҳар чӣ зудтари Конвенсияи фарогир оид ба терроризми байналмилалӣ дар чаҳорчӯби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуданд.
Барои амнияту суботи минтақавӣ ҳар ду роҳбар алоқамандии муштаракро ба таҳкими сулҳ, субот ва рушд дар Афғонистон таъкид намуда, ба пешбурди раванди сулҳ дар Афғонистон бо роҳбарӣ ва соҳибии худи афғонҳо ва мусолиҳаи миллӣ даъват карданд. Ҳамчун ҳамсояи Афғонистон, Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкории худро ҷиҳати мусоидат ба сулҳу рифоҳи Афғонистон идома хоҳанд дод.
Ҳар ду роҳбар аҳамияти роҳандозии иқдоми муштаракро барои тавсеа ва гуногунсозии тиҷорати дуҷониба, ки феълан ҷавобгӯйи имконоту иқтидори ҳамкориҳо нест, таъкид намуданд. Онҳо аз баргузоршавии вохӯрии соҳибкорони ду кишвар дар Душанбе моҳи марти соли 2016 ва иштироки намояндагони доираҳои расмӣ ва соҳибкорони Тоҷикистонро дар ярмаркаҳо ва намоишгоҳҳои Ҳиндустон истиқбол намуданд. Ҷониби Тоҷикистон сармоягузории Ҳиндустонро дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар чаҳор минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон, даъват намуд. Бо ишора ба саҳми Ҳиндустон дар таҷдиди НБО-и «Варзоб — 1», ҷониби Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Тоҷикистон сохтмони як қатор неругоҳҳои барқи обии хурду миёнаро ба нақша гирифтааст ва дар ин замина ширкатҳои ҳиндустониро ба сармоягузорӣ даъват намуд.
Ҳар ду роҳбар бар аҳамияти беҳтар намудани иртиботи минтақавӣ барои татбиқи иқтидори бузурги тиҷоратӣ таъкид карданд ва дар ин замина ба аҳамияти Долони байналмилалии нақлиётии Шимол-Ҷануб ишора намуданд. Президент Эмомалӣ Раҳмон аз имзои Созишномаи сеҷониба байни Ҳиндустон, Эрон ва Афғонистон оид ба таъсиси Долони нақлиётию транзитии «Чобаҳор», ки дар баробари дигар долонҳо дастрасии Тоҷикистонро ба бандарҳои баҳрӣ ва инчунин ба бозори фарохи Ҳиндустон фароҳам месозад, истиқбол намуд.
Ҷониби Тоҷикистон аз Ҳиндустон ҳамчун шарик дар соҳаи рушд қадрдонӣ кард. Ҳар ду тараф ба тарҳҳое, ки мавриди татбиқ қарор доранд ва инчунин тарҳҳое, ки дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, омӯзиш ва рушди захираҳои инсонӣ, маориф ва фарҳанг дар назар аст, ишора намуданд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Ҳиндустон барои таъсиси лабораторияҳои компютерӣ дар 37 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни сафари Сарвазир Нарендра Моди ба Тоҷикистон моҳи июли соли 2015 эълон шуда буд, изҳори сипос кард. Ду роҳбар ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар самти истифодаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушд дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунанд. Онҳо бори дигар ҳавасмандии худро ба ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ барои таъмини худкифоӣ дар маҳсулоти ғизоӣ таъкид намуданд. Ҷонибҳо нисбат ба аҳамияти тавлид ва тақсимоти устувори неруи барқ барои рушди минтақа изҳори ҳамфикрӣ карданд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои Эътилофи байналмилалии кишварҳои офтобиро (International Solar Alliance) баланд арзёбӣ намуд ва изҳор дошт, ки тарҳҳои барқи офтобӣ метавонанд дар минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон муфид бошанд.
Ду роҳбар дар хусуси истифодаи имкониятҳо ҷиҳати афзоиши хатсайрҳои парвоз миёни ду кишвар дастур доданд. Дар ин замина аз мақомоти дахлдори ду кишвар тақозо шуд, ки машваратҳои дуҷонибаи консулиро барои баррасии роҳҳои содагардонии судури раводидҳои соҳибкорӣ, табобатӣ, саёҳатӣ ва дигар намудҳои раводид ба мақсади мусоидат ба табодули байнимардумӣ танзим намоянд.
Сарвазир Нарендра Моди ва Президент Эмомалӣ Раҳмон ба мувофиқа расиданд, ки 25- солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ба таври шоиста тавассути баргузории фестивалҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳамоишҳо ва дигар чорабиниҳои муштарак таҷлил хоҳад шуд. Ду роҳбар ба табодули бештари филмҳо, барномаҳои телевизионӣ ва маҳсули дигар эҷодиёти фарҳангӣ миёни мардумони ду кишвар даъват намуданд.
Роҳбарон аз ҳамкории хуби ду кишвар оид ба масъалаҳои бисёрҷониба ва ҷонибдории мутақобил аз ташаббусҳои ҳамдигар дар Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Ҳиндустон барои ҳаммуаллифии Қатъномаи СММ оид ба эълони солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои рушди устувор», ки пайгирона аз ҷониби Тоҷикистон пеш бурда мешавад, изҳори сипос намуд.
Роҳбарон ба ислоҳоти фарогири сохторҳои СММ даъват намуданд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро аз номзадии Ҳиндустон барои узвияти доимӣ дар Шӯрои амнияти СММ дар сурати васеъ шудани ин ниҳод таъйид намуд. Ӯ, ҳамчунин аз узвияти комили Ҳиндустон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай истиқбол кард.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми Ҳиндустон барои пазироии гарм ва ҳусни меҳмоннавозие, ки нисбат ба ӯ ва ҳайати ҳамроҳ дар рафти сафараш ба Ҳиндустон сурат гирифтанд, изҳори сипос намуда, Сарвазир Нарендра Моди ва Президент Пранаб Кумар Мукерҷиро барои боздид аз Тоҷикистон даъват намуд.