шаҳри Душанбе, 27 феврали соли 2017
Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин 27 феврали соли 2017 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овард.
Сарони давлатҳо зимни гуфтушунидҳо қайд намуданд, ки дар давраи 25 соли барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ, давлатҳои мо ба таъсиси системаи устувору фарогири шарикии стратегӣ ва иттифоқи дуҷониба дар асоси эҳтироми соҳибихтиёрии давлатӣ ва тамомияти арзӣ, ҳусни эътимоду ошкоро ва ҳамкории мутақобилан судманд комёб гардиданд.
Роҳбарони давлатҳо сатҳи устувору мусбати ҳамкориҳои Тоҷикистону Россияро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорию иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ бо қаноатмандӣ қайд намуда, ҷонибдории тағйирнопазири худро ба усулу уҳдадориҳои дар Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 25 майи соли 1993 ва Аҳднома дар бораи ҳамкории иттифоқии ба асри XXI нигаронидашуда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 16 апрели соли 1999 асосёфта, тасдиқ карданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ба таҳкими муколамаи сиёсӣ тасдиқ карда, роҳҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Россия ва ҳамкориҳоро оид ба масоили муҳимтарини байналмилалӣ муайян намуданд. Аҳамияти муҳими рушди робитаҳои байнипарламентӣ тасдиқ гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки мақомоти олии қонунгузори ҳар ду кишвар саҳми муассирро дар рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судманди миёни Тоҷикистону Россия идома хоҳанд дод.
Масъалаҳои муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ карда, ҷонибҳо аҳамияти авлавиятноки ҳамкориҳоро дар ин соҳа таъкид намуданд ва саъю кӯшиши минбаъдаро ҷиҳати тавсеаи он бо назардошти манфиати тарафҳо иброз намуданд. Манфиатдории мутақобила ҷиҳати афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила, рушди ҳамкориҳои иқтисодии дарозмуддат ва таъмиқи соҳаи сармоягузории байни Тоҷикистону Россия зикр гардид.
Дар ин замина, сарони давлатҳо аз натиҷаи кори ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки моҳи январи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ карданд. Омодагии ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ, ки ба фаъол кардани ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия, барқ ва маҷмӯи саноати кишоварзӣ равона шудааст, изҳор гардид.
Тарафҳо аҳамияти фаъол кардани равандҳои ҳамгироиро дар минтақа тавассути истифодаи имконоти минтақаи савдои озоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъкид намуданд.
Сарони давлатҳо ният доранд ба самаранокии иҷрои барномаҳои қабулшудаи ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд. Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи истифодаи сарчашмаҳои энергияи барқароршаванда, аз ҷумла гидроэнергетика, яке аз самтҳои шарикии стратегии байни ду давлат мебошад. Ҷониби Россия ҷиҳати ҳамкории минбаъда бо ҷониби Тоҷикистон дар татбиқи иқтидори гидроэнергетикии он, бо назардошти талаботи афзояндаи кишварҳои минтақа ба неруи барқ, ҳавасмандӣ зоҳир намуд.
Ҷонибҳо имконияти афзоиш додани содироти неруи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшавандаро бо назардошти талаботи бозори энергетикии минтақа баррасӣ мекунанд.
Ҷонибҳо баҳри ҳавасмандсозии ҳамаҷонибаи фаъолияти сармоягузорӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак, идомаи такмили шароит барои фаъолияти сармоягузорони Тоҷикистону Россия, андешидани тадбирҳои амалӣ барои роҳандозии оқилонаи технологияҳои муосир ва навсозии технологияҳои мавҷуда, аз ҷумла тавассути татбиқи лоиҳаҳои соҳаи истихроҷи маъданҳои кӯҳию металлургӣ ва сохтмон, саноати сабук ва хӯрокворӣ, соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ ва логистӣ ба мувофиқа расиданд.
Сарони давлатҳо таъкид карданд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи коммуникатсияи нақлиётӣ, аз ҷумла алоқаи ҳавоӣ, роҳҳои оҳан ва автомобилгард яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба маҳсуб меёбад.
Манфиатдории муштарак ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию гуманитарӣ миёни минтақаҳо ба сифати шакли самараноки таҳкими муносибатҳои тарафайн дар таъмини шароити зарурӣ барои рушди робитаҳои мустақим байни субъектҳои хоҷагидорӣ изҳор гардид. Дар баробари ин, аҳамияти форум ва конференсияҳои баргузоршуда оид ба ҳамкории байниминтақавӣ, инчунин, фаъолияти Шӯрои соҳибкорӣ оид ба ҳамкории соли 2016 таъсисёфта зикр гардид.
Омодагии тарафайн ҷиҳати ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла марбут ба офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ, инчунин бартарафсозии оқибатҳои он таъкид шуд. Ҷониби Тоҷикистон барои тасмимҳои мардуми Россия ҷиҳати расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми бародари Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Қайд гардид, ки ҷиҳати таъмиқи ҳамкориҳо дар масъалаҳои такмили механизмҳои ҳуқуқии танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла оид ба таъмини шароити зарурии иҷтимоӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави якдигар, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият дар Федератсияи Россия, мубодилаи фаврии иттилоотӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират чораҳои мушаххас андешида хоҳанд шуд.
Тарафҳо аз зарфияти бузурги таърихию фарҳангӣ, мероси ғании маънавии мардуми Тоҷикистону Россия ёдовар шуда, зикр намуданд, ки густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои маориф, илму техника, санъат ва фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ минбаъд низ идома медиҳанд, ба роҳандозии робитаҳо дар он соҳаҳо фаъолона мусоидат мекунанд.
Тарафҳо ба рушди забону фарҳанги русӣ дар Тоҷикистон ва фарҳанги тоҷикӣ дар Россия, баргузории вохӯриҳои мунтазам байни намояндагони соҳаи илм ва доираҳои ҷамъиятӣ мусоидат намуда, ҷиҳати ҳавасмандии ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимии олӣ ва илмию таҳқиқотии ду кишвар иқдом менамоянд.
Тарафҳо густариши робитаҳои фарҳангӣ, тайёр кардан ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кадрҳои соҳавӣ, иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии якдигар, гузаронидани чорабиниҳои омӯзишии устодон, инчунин баргузории рӯзҳои фарҳангиро дар кишварҳои якдигар пазироӣ менамоянд. Ифтитоҳи бахши Маркази илмию фарҳангии Россия дар шаҳри Хуҷанд ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории тарафҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф мусоидат хоҳад кард.
Оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт. Сарони давлатҳо кӯшишҳои тарафайнро ҷиҳати мусоидат ба таҳкими сулҳ, амният ва субот дар миқёси минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид карданд.
Ҷонибҳо вазъиятро дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳокима ва аҳамияти мусоидатро ба он кишвар дар таъмини субот ва рушди минбаъда таъкид карданд. Тарафҳо ҳамоҳанг намудани амалҳоро ҷиҳати маҳви таҳдидҳо нисбат ба амнияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз самти ҷануб эҷодшаванда идома медиҳанд.
Масъалаҳои таъмини амниятро дар минтақа муҳокима намуда, бо мақсади муборизаи самаранок бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир, тарафҳо аҳамияти ҳамоҳангии амалкарди муштараки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амниятӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбию техникиро зикр намуданд.
Тарафҳо тазаккур доданд, ки кӯшишҳои муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пойгоҳи 201-уми низомии Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳим дар таъмини амнияти минтақавӣ мебошад. Омодагӣ ҷиҳати амалисозии ҳамоҳангшудаи минбаъда мутобиқи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши Пойгоҳи ҳарбии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2012 изҳор гардид.
Тарафҳо таъмиқи ҳамкориҳоро дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ дар заминаи созишнома ва барномаҳои дахлдор идома хоҳанд дод. Тарафҳо аҳамияти татбиқи минбаъдаи тавофуқотро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, бо мақсади муборизаи муассир бар зидди таҳдиду чолишҳо ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ, таъкид намуданд.
Азми таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқу аслиҳа ва дигар таҳдиду чолишҳо баҳри таъмини амнияти миллӣ ва пойдории суботи минтақавӣ иброз гардид. Аҳамияти пешгирӣ аз паҳншавии идеологияи террористию экстремистӣ, дастгирии молӣ ва моддию техникии терроризм, инчунин амалкарди фаъоли ҷангиёни террорист таъкид шуд. Ҷонибҳо ба рушди амалии ҳамкориҳои мутақобила оид ба самтҳои мазкур, ҳам дар сатҳи сиёсӣ ва ҳам миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси тарафҳо, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар оянда низ ҳамкориҳоро дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар ҳошияи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин, дигар созмонҳои байналмилалӣ идома дода, ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷиро оид ба масоили муҳими минтақавӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ тақвият мебахшанд.
Сарони давлатҳо аҳамияти мубрами Қатъномаи Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳидро аз 21 декабри соли 2016 дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», 2018-2028, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як овоз қабул гардид, қайд карданд. Ҷониби Россия ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ки бо мақсади татбиқи ин даҳсола доир мегарданд, изҳорӣ омодагӣ зоҳир намуд.
Роҳбарони давлатҳо зарурати густариш ва таъмиқи ҳамкориҳоро дар ҳошияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ зикр намуданд.
Ҷонибҳо фаъолиятро ҷиҳати мутобиқгардонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба воқеияти муосир идома медиҳанд. Сарони давлатҳо ҷонибдории худро аз риояи усулҳои пайваста, бо назардошти раёсати Федератсияи Россия дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2017 ва раёсати дарпешистодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмон соли 2018, изҳор намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ният доранд, ки минбаъд низ дар ҳошияи Созмони Ҳамкории Шанхай бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра фаъолияти устуворро идома диҳанд.
Президентҳо фароҳам гардидани заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷонибаро зикр намуда, аҳамияти таъмини ҳамоҳангсозии устуворро ҷиҳати татбиқи мукаммал ва саривақтии санадҳои барномавӣ оид ба ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин манфиатнокии такмили он таъкид карданд.
Сарони давлатҳо аҳамияти дар ҳошияи сафари расмӣ байни тарафҳо ба имзо расидани созишномаҳои байниҳукуматиро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта, ҳифзи муҳити зист, алоқаи ҳарбии фелдегерӣ, инчунин санадҳои байниидоравӣ – Барномаи ҳамкорӣ байни мақомоти сиёсати хориҷӣ барои соли 2017, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро қайд намуданд.
Изҳори боварӣ гардид, ки муносибатҳои муосири Тоҷикистону Россия, ки дар заминаи равобити таърихӣ тавсеа ёфтаанд, ба рӯҳияи дӯстӣ ва манфиатҳои бунёдии мардуми Тоҷикистону Россия комилан мувофиқ мебошанд.
Президентҳо бо боварӣ гуфтанд, ки татбиқи тавофуқоти ҳосилшуда миёни тарафҳо ба таъмиқи минбаъдаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои иттифоқии ду давлат мусоидат мекунанд.
Сарони давлатҳо роҷеъ ба идомаи муколамаи доимии фаъоли сиёсӣ оид ба ҳамаи масъалаҳои мавриди манфиати мутақобила ба мувофиқа расиданд.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии ҳайати Россия изҳори миннатдорӣ карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб ба Федератсияи Россия ташриф биёрад. Даъват бо камоли майл пазируфта шуд.
www. president. tj