барои матбуот пас аз музокироти расмӣ бо Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш
Намояндагони муҳтарами воситаҳои ахбори омма!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Музокироти чанд лаҳза қабл баанҷомрасида натиҷаи мантиқии саъю талоши самимии ҷонибҳо барои таҳкими муносиботи дӯстии байни ду кишвар ва тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Латвия дар заминаҳои сифатан нав мебошанд.
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия ҷаноби Андрис Берзинш дар рӯзҳои 20-солагии барқарор намудани равобити дипломатии байни ду кишвар баргузор мегардад.
Аз ин лиҳоз, мо сафар ва натиҷаҳои онро чун идомаи табиӣ ва тақвияти муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Латвия медонем, ки таи марҳалаи истиқлолият ва алалхусус, солҳои охир бемайлон рушд меёбанд.
Ман мехоҳам бо қаноатмандӣ таъкид намоям, ки гуфтугӯи созандаи байни кишварҳои бо ҳам дӯсти мо сол аз сол хусусияти муназзам касб намуда, бахшҳои гуногуни ҳамкориро дар бар мегирад.
Мо ин ҳамкориро дар ҳамаи самтҳо, аз фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва равобити дуҷонибаи байниҳукуматӣ оғоз намуда, то ҳамкории доираҳои соҳибкорӣ густариш мебахшем.
Ҳамёрии кишварҳои мо дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дар муносибатҳои мо бо Иттиҳоди Аврупо хусусияти созандатар касб мекунад.
Дар рафти гуфтушунидҳо, ки дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид, мо сатҳи муносибатҳои худро мусбат арзёбӣ намуда, ба умумият ва ё наздикии мавқеи кишварҳоямон дар аксари масоили рӯзмарра, ҷаҳонӣ ва минтақавии ҳаёти байналмилалӣ ишора намудем.
Таъкид шуд, ки риояи усулҳои демократия, мавҷудияти таҷрибаи муайяни таърихии ҳамкорӣ ва абзорҳои танзими равобит дар сатҳҳои мухталиф омилҳое ҳастанд, ки ба муносибатҳои мо такони тоза ворид мекунанд.
Дар айни ҳол мо қайд намудем, ки ҳарчанд дар маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Латвия, аз ҷумла дар бахши тиҷорат, тамоюли мусбии тавсеа ба чашм мерасад, ҳанӯз имконоти истифоданашуда зиёданд.
Мо изҳори итминон намудем, ки ҳамаҷониба ба кор андохтани ин имконот бо истифодаи василаҳои мавҷуда ба тақвият ва рушди минбаъдаи равобити байни ду кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Алалхусус аҳамияти диверсификатсияи минбаъдаи сохтори тиҷорати дуҷониба ҷиҳати афзоиши ҳаҷми гардиши мол таъкид гардид.
Мо барои қисмати иқтисодии равобити худ ҳамкорӣ дар соҳаҳои зербиноӣ ва бахши воқеии иқтисодиёт дар асоси захираҳои табиии миллӣ ва имконоти тарафайнро ояндадор донистем.
Дар ин росто, мо масоили иштироки сохторҳои соҳибкории Латвияро дар тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, дорусозӣ, сайёҳӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъдан, инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ баррасӣ намудем.
Ҳангоми музокироту мулоқотҳои имрӯза мо имконоти зиёди тақвияти ҳамкориро дар соҳаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн муайян намудем.
Ин, қабл аз ҳама, самтҳои мухталифи ҳамкориҳои илмию техникӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мебошанд.
Мо инчунин масоили калидии хусусияти байналмилалӣ ва минтақавидоштаро баррасӣ намудем.
Мо аҳамияти таъмини амният ва тақвияти мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосирро таъкид намудем.
Ба зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва намудҳои дигари ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ишора карда шуд.
Дар аснои гуфтушунид мо вазъи минтақаро баррасӣ намуда, ба масоили Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намудем.
Мо дар он нукта, ки баъди соли 2014 таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масоили Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бояд коста нагардад, ҳамфикр будем.
Кишварҳои бо ин масоил иртиботдоштаро мебояд, ки бо ҳам дар масоили иқдом намудан ба чораҳои муассири эҳёи сулҳу истиқрор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла аз тариқи расонидани мусоидати лозима ба раванди эҳёи иқтисодиву иҷтимоии он, андеша намоянд.
Мо раванди татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказиро мусбат арзёбӣ намудем, ки он ба ҳавасманд намудани ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа нигаронида шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон аз амри ба афзалиятҳои раёсати Латвия дар Иттиҳоди Аврупо дар нимсолаи якуми соли 2015 ворид намудани масоили марбут ба Осиёи Марказӣ истиқбол намуд. Мо ба Ҷумҳурии Латвия дар ин ҷода комёбиҳо хоҳонем.
Ҳангоми ин сафар Тоҷикистону Латвия маҷмӯи нави созишномаҳо дар бораи ҳамкории дуҷониба имзо намуданд, ки онҳо заминаи ҳуқуқии ин равобитро тавсеа мебахшанд.
Санадҳои қабулшуда бояд асоси боэътимоди таҳкими ҳамшарикии кишварҳои мо дар бахшҳои марбутаи ҳамкорӣ гарданд.
Натиҷаҳои нахустини сафарро ҷамъбаст намуда, мехостам таъкид намоям, ки дар самти тақвияти асосҳои ҳамкории дарозмуддат ва фарогир гоми муҳиме бардошта шуд.
www.president.tj