Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз маросими сарфарозгардонӣ бо мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористон

№25 (4765) 23.02.2024

Қазон, 22 феврали соли 2024

53544853153_e82f6d1c4c_oТашаккур, муҳтарам Рустам Нургалиевич.

Дӯстони азиз,

Ба Шумо, Рустам Нургалиевич, барои сарфарозгардонии ман бо ордени «Дуслик» изҳори миннатдорӣ менамоям. Ин мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористонро, пеш аз ҳама, ба мардуми кишварам мансуб медонам.

Мо минбаъд низ тамоми маҷмӯи ҳамёрии Тоҷикистон ва Россияро, аз ҷумла дар сатҳи минтақавӣ, фаъолона пеш мебарем.

Мо бо зиёда аз 83 субъекти федералии Россия робитаҳои фаъол дорем. Дар ин замина мо ба густариши ҳамкории судманд бо Тотористон таваҷҷуҳи хоса медиҳем.

Ҷумҳурии шумо, ки дорои иқтидори барҷастаи иқтисодӣ мебошад, аз ҷиҳати маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар рӯйхати минтақаҳои Федератсияи Россия мавқеи баландро ишғол менамояд.

Мояи хушнудӣ аст, ки робитаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Тотористон имрӯз дорои ҷараёни мусбати рушд мебошанд.

Сохторҳои давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон бо идораю ширкатҳои соҳавии Тотористон фаъолона ҳамкорӣ менамоянд. Робитаҳо дар самти омода намудани ихтисосҳое, ки дар мо талабот доранд, густариш меёбанд.

Имрӯз дар донишгоҳҳои пешрафтаи Тотористон беш аз як ҳазор донишҷӯи тоҷик маълумоти олӣ мегиранд. Мо аз фароҳам гардидани шароити мусоид барои шаҳрвандонамон миннатдор ҳастем.

Итминон дорам, ки бо талошҳои муштарак мо ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Тотористонро ба сатҳи баландтар мебарорем.

Муҳтарам Рустам Нургалиевич!

Боиси хушнудӣ аст, ки бо мукофоти фахрии Ҷумҳурии Тотористон дар ин ҷо, дар шаҳри номдори Қазон, сарфароз мешавам.

Мо дар мисоли пойтахти шумо, ки дорои таърихи ғанӣ мебошад, баръало мебинем, ки Тотористони бародар хеле рушду пешрафт намудааст. Далели равшани ин интихоб шудани Қазон ҳамчун маркази баргузории «Бозиҳои оянда» мебошад.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, дӯсти азиз, инчунин, ба тамоми сокинони диёри зархези Шумо комёбиҳои нав ва некуаҳволии минбаъда орзу дорам!

Бори дигар ба Шумо ташаккур!

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.