Китобхонаи замонавӣ дар Ҳисор

№127 (3428) 23.09.2015

21590759436_c748fa6dfe_o

Дар маркази ноҳия — шаҳраки Ҳисор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии осорхонаи ноҳиявӣ китобхонаи марказии ноҳияро низ расман мавриди истифода қарор дод.

Сохтмони китобхона моҳи феврали соли 2014-ум бо тарҳ ва усули хоси меъморию  шаҳрсозӣ шурӯъ гардида, бо харҷи шаш миллион сомонӣ бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Монолит-2011» бунёд гардидааст.

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро хонандагони ин боргоҳи маърифат ва кормандони соҳа самимона истиқбол гирифта, китоби тозанашрро таҳти унвони «Донишномаи Ҳисор», ки бахшида ба таҷлили ҷашни 3000 — солагии Ҳисори шодмон чоп шудааст, тақдим намуданд.

Китобхонаи марказӣ дорои 40 ҳуҷра, аз ҷумла 25 ҳуҷраи корӣ ва 15 ҳуҷраи ёрирасон мебошад ва дар онҳо 38 компютер васлу насб шудаанд.Дар бинои нави китобхона 30 нафар соҳиби ҷойи корӣ доимӣ шудаанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи якуми бино  аз  толори маҷлисгоҳи китобхона боздид ба амал оварда, дар маҳфили «Рӯдакихонӣ»-и муштариёни ин  махзани илму маърифат иштирок кард.

Дар китобхонаҳои ҳудуди ноҳия 343 ҳазор асарҳои гуногун мавҷуд аст, ки беш аз 200 ҳазор нусхаи он дар китобхонаи марказӣ нигоҳ дошта мешавад. Шумораи умумии хонандагон бошад, даҳ ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Китобхонаи марказӣ аз шуъбаҳои маълумотдиҳӣ, библиографӣ ва илмӣ — методӣ,  шуъбаи феҳристи электронӣ, китобхонаи электронӣ ва бахши маълумотдиҳию бақайдгирӣ, толори адибони водии Ҳисор ва ду толори барҳавои хониш иборат мебошад.

Дар китобхона 500 ҳазор нусха асарҳои гуногун, аз ҷумла 500 нусха китобҳои электронӣ, мавҷуд аст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо шароити китобхона пурра шинос шуда, бунёди чунин китобхонаи муосирро саривақтӣ донист ва онро ҳамчун туҳфаи арзишманд ба ҷавонону дӯстдорони китоб дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 3000 — солагии Ҳисори шодмон тақдим намуд.

www.president.tj