17 сентябри соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати кишвар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Адолати судии конститутсионӣ- кафолати таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид.
Конфронси байналмилалиро раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода ифтитоҳ намуда, сухани табрикиро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дод.
Президенти кишвар, пеш аз ҳама, меҳмонони хориҷиро хайра мақдам гуфта, ба кормандону собиқадорони мақомоти судӣ ва хусусан Суди конститутсионии Тоҷикистон солгарди 20-ум аз ин санаи таърихиро шодбош гуфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи беш аз панҷҳазорсолаи тоҷикон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки бо вуҷуди ин Истиқлолияти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири асри ХХ муяссар шуд ва бо ин дар сарнавишти миллати мо таҳаввулоти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ва гардиши куллӣ оғоз ёфт.
Бо ёдоварӣ аз мушкилу монеаҳои бешумор ва шароити сангини солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон таъкид гардид, ки эълон кардани истиқлолият барои ҳар халқу миллат ин танҳо оғози кор аст.
Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки тайи ин солҳо роҳбарият ва мардуми шарафманди мо мушкилоти сангину нангини бешуморро пушти сар карда, Тоҷикистони тозамустақилро аз вартаи фано раҳо бахшиданд ва ба шоҳроҳи бунёдкорию созандагӣ ва эъмори ҷомеаи мутамаддини муосир раҳнамун сохтанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ ва басо муҳими Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсиониро дар раванди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягонаи Тоҷикистон таъкид намуд.
Тазаккур дода шуд, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли бист сол зарурати мавҷудият ва фаъолияти худро дар сохтори давлатдории мо баръало собит намуд, ҳарчанд дар аввалҳо зарурати таъсиси чунин ниҳод зери шубҳа бурда мешуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи босамари ду барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010 ва барои солҳои 2011-2013 изҳори қаноатмандӣ кард. Ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки бо татбиқи барномаи нави ислоҳоти ин соҳа барои солҳои 2015-2017 амалӣ гардидани вазифаҳои дар назди ҳокимияти судӣ қарордошта боз ҳам беҳтар мегардад ва ҳокимияти судӣ аз пештара дида мустақилу неруманд ва сатҳи касбии он баландтар хоҳад шуд. Соҳа бо ҳуқуқшиносони баландихтисосу салоҳиятнок ва кордида таъмин мегардад. Дар ин робита барои такмили бештар бахшидан ба фаъолияти касбии кормандони ҳокимияти судӣ чораҳои дахлдор андешида хоҳанд шуд.
Дар поёни сухан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар судяҳо ва кормандони Суди конститутсионӣ, инчунин кулли кормандони мақомоти ҳокимияти судии мамлакатро ба ифтихори ҷашни 20 — солагии таъсисёбии Суди конститутсионӣ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо дар иҷрои вазифаҳои дар наздашон оид ба ҳифзи Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати ҷомеа ва давлат қарордошта барору комёбӣ таманно кард. Ҳамчунин ба кори Конфронс муваффақият ва ба меҳмонони сарзамини тоҷикон будубоши гуворо орзу намуд.
Дар қисмати ифтитоҳии Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ноиби президенти Комиссияи Аврупо «Барои демократия тавассути ҳуқуқ»-и Шӯрои Аврупо (Комиссияи венетсианӣ), раиси Конференсияи мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи нав, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон Гагик Арутюнян, муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Индонезия Анвар Усмон, судяи Суди конститутсионии Федератсияи Россия Николай Бондар, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ суханронӣ намуданд.
Дар кори Конфронс ҳамчунин раисон ва судяҳои судҳои конститутсионӣ аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Федералии Германия, Федератсияи Россия, Руминия, Туркия, ӯзбекистон, роҳбарият ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва судяҳои мақомоти марказии судӣ, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони расмӣ иштирок доранд.
Дар рафти Конфронс масъалаҳои муҳими вобаста ба Конститутсия ва конститутсионализм, фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, иҷрои санадҳои судҳои конститутсионӣ, назорати конститутсионӣ ҳамчун воситаи таъмини волоияти Конститутсия, мавқеи Суди конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти судӣ, таъмини кафолатҳои ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои марбут ба мурофиаи судии конститутсионӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи мутахассисону олимони ватанию хориҷӣ қарор дода мешавад.
www.president.tj