Корхонаи дӯзандагии «Шарофат» ба фаъолият шурӯъ намуд

№144-145 (3445-3446) 29.10.2015

Ифтитоҳи корхонаи дӯзандагии Шарофат дар ноҳияи Ҳисор27 октябри соли 2015 дар маркази ноҳияи Ҳисор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи дӯзандагии «Шарофат» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бузургтарин дар ноҳия буда, дорои беш аз 400 ҷойи корӣ барои занону духтарони маҳаллӣ мебошад.

Меҳмони олимақомро дар саҳни ҳавлии корхонаи замонавӣ хонандагону кормандон ва масъулини соҳа самимона истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти ин иншооти саноатӣ, ки ба ифтихори Ҷашни 3000-солагии Ҳисори шодмон бунёд шудааст, оғози расмӣ бахшид.

Зикр гардид, ки корхонаи мазкур дар заминаи Маҷмааи хизматрасонии «Даҳбед» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Зиёев бунёд гардида, дар майдони як гектар доман густурдааст.

Корхонаи дӯзандагии «Шарофат» бо дастури бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки 15-уми августи соли 2014 зимни ба истифода супоридани маркази хизматрасонии «Даҳбед»- и ноҳияи Ҳисор дода шуда буд, дар муҳлати кӯтоҳ бунёд гардид.

Корхонаи мазкур бо харҷи 7 миллион сомонӣ аз ҷониби бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алазиз» дар зарфи панҷ моҳ бо санъати баланд ба анҷом расонида шуд.

Дар корҳои сохтмонӣ 140 нафар сокинони таҳҷойӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши баланд гардида буданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхона бо занону духтарон суҳбати озоду самимӣ доир намуда, бунёди чунин иморати муосирро туҳфаи арзишманд барои занону духтарон дар рӯзи ҷашни 3000 – солагии Ҳисор унвон кард.

Аз тарафи соҳибкори созанда 200 таҷҳизоти дӯзандагӣ, дарзмолкунӣ ва бурандагӣ аз Ширкати «Кем-Су»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид ва васл шудааст.

Рӯзҳои наздик зиёда аз 200 мошинаи дигари дарздӯзӣ дастраси кормандон мешавад.

Дар ошёнаи дуюм чор нафар мутахассисони хориҷӣ нозукиҳои кори ин дастгоҳҳоро, ки бо технологияи муосири компютерӣ фаъолият мекунанд, ба занону духтарон меомӯзонанд.

Дар синфхонаҳои омӯзишӣ 30 нафар дар як баст метавонанд таҳсил карда, соҳиби сертификати ин корхона шаванду ба пешбурди кори соҳаи истеҳсолӣ сафарбар гарданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо технологияҳои нави дӯзандагӣ ба мутахассисон барои боз ҳам беҳтар кардани сифат  ва рақобатпазирии маҳсулоташон маслиҳатҳои муфид дод.

Зикр шуд, ки корхона дар як шабонарӯз аз 150 то 200 ҷуфт либоси мактабӣ омода месозад ва дар як моҳ ин нишондод ба 4,5-5 ҳазор либоси мактабӣ рост меояд. Дар баробари ин, мутахассисони соҳа барои омӯзгорон ва кормандони дигар корхонаю муассисаҳо сару либосҳои шинами корӣ тайёр хоҳанд кард.

Барои роҳ ёфтани маҳсулоти корхона ба бозори хориҷӣ соҳибкор бо яке аз корхонаҳои дӯзандагии шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст ва 90 фоизи маҳсулоти корхона ба кишварҳои Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон ва бархе аз дигар давлатҳо барои фурӯш бояд содирот шавад.

Маркази хизматрасонии «Даҳбед», ки соли гузашта ба кор оғоз намуда буд, дорои меҳмонхонаи замонавӣ, ошхона, маркази хизматрасонии бонкӣ, 75 нуқтаи фурӯши маҳсулоти рӯзгор, корхонаи рангуборкунии матоъ ва коргоҳи хурди дӯзандагӣ бо сад ҷойи корӣ мебошад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин ҳама созандагию бунёдкорӣ ва ташкили корхонаҳои азими саноатиро дар кишвар барои таъмини занону модарон бо кори доимӣ ва баровардани маҳсулоти дохилӣ ба бозорҳои ҷаҳон муҳим ва зарурӣ арзёбӣ кард.

Тавре зикр гардид, дар ноҳияи Ҳисор то ин вақт чунин корхонаи калони дӯзандагӣ вуҷуд надошт, ки хонандагони ноҳияро бо сару либоси зебои мактабӣ таъмин созад.

Бояд ёдовар шуд,  ки дар ошёнаи якуми бино ҳамчунин бунгоҳи тиббӣ ба фаъолият оғоз кард, ки дар баробари ташхиси кормандон ба сокинони гирду атрофи шаҳраки Ҳисор хизмати тиббӣ мерасонад.

Солҳои охир сохтмони корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо ҷаҳду талошҳои Ҳукумати мамлакат ва бахши хусусӣ афзудааст, ки дар баланд бардоштани рушди иқтидори миллӣ, ғанӣ гардондани Буҷети кишвар ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат хоҳанд кард.

www.president.tj