Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати инсонпарваронаи хеш ба муносибати 71 — умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945 аз 23 апрели соли 2016 таҳти рақами 710 Амр «Дар бораи расондани кумакпулии яквақтаи молиявӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ба тасвиб расонд.
Дар асоси ин Амр Вазорати молияи ҷумҳурӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 639 иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1 миллиону 278 ҳазор сомонӣ – ба ҳар як нафар 2000 сомонӣ ҷудо намуд.
Тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ дар арафаи ҷашни Рӯзи Ғалаба то 5 майи соли равон маблағҳои кумаки Пешвои миллатро дар шаҳру ноҳияҳо ба собиқадорони ҷанг дастрас карданд.
Ҳамчунин, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раисони вилоятҳову шаҳрҳо ба маблағи 1 500 сомонӣ ва раисони ноҳияҳо дар ҳаҷми 500 сомонӣ иловатан ба иштирокчиёну маъюбони ҷанг кумакпулӣ тақдим шуд.
Дар маҷмӯъ, ҳамаи 639 нафар иштирокчӣ ва маъюби ҷанг ба маблағи 4000 сомонӣ кумаки яквақтаи молиявӣ гирифтанд.
Дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини шароити хуби иҷтимоию иқтисодӣ ба собиқадорони ҷанг ғамхорӣ зоҳир намуда, ба онҳо кумакҳои моддӣ мерасонад.
www.president.tj