Кумак ба ятимону маъюбон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

№78(3379) 08.06.2015

Субҳи ҳафтуми июни соли ҷорӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоии ятимону маъюбон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корвони иборат аз 76 мошинҳои пурбор ба роҳ баромад.

Тибқи маълумот ба 8597 оилаҳои камбизоат ва ниёзманди вилоят дар ҳаҷми умумии 1100 тонна маводи ғизоӣ расонида мешавад. Илова бар ин, ба 670 нафар тарбиягирандагони мактаб – интернатҳои вилоят ва 77 нафар ятимони кулл сару либос ва пойафзол, инчунин ба маъюбон аробачаҳои маъюбӣ ва дигар воситаҳои техникии тавонбахшӣ кумак карда мешавад.

Арзиши умумии маводу маҳсулоте, ки ба сокинони ниёзманди вилоят фиристода шуд, панҷуним миллион сомониро ташкил медиҳад.

Кумаки зикршуда беш аз 60 ҳазор нафар аҳолии вилоятро фаро гирифта, далели возеҳи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону оилаҳои камбизоат мебошад.

Бо мақсади таври шаффофу мақсаднок дастрас намудани молу маҳсулот аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

www.president.tj