18-уми октябри соли 2023 бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода шуд.
Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар маводи ниёзи аввал иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад
Кумаки башардӯстона ба мардуми аз офати табиӣ зарардида тавассути 130 мошини боркаш ба Афғонистон интиқол дода шуд. Ин иқдом намунаи олии ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 7- уми октябри соли равон дар ноҳияҳои шимолу ғарби шаҳри Ҳирот заминларза бо қувваи 6,3 дараҷа рух дод, ки дар натиҷа, беш аз 2400 нафар ба ҳалокат расиданд. Тибқи маълумоти идораи маҳаллии мубориза бо офатҳои табиӣ, беш аз 600 манзили истиқоматӣ ва 13 деҳа хароб гардида, шумораи зарардидагони заминларза ба 10 ҳазор нафар расид. Баъдан, дар Афғонистон боз силсилазаминларзаҳо ба амал омаданд, ки дар натиҷаи онҳо низ нафарони зиёд ҳалок ва маҷруҳ гардиданд.
АМИТ «Ховар»