Тавре ба ҳамватанонамон маълум аст, дар натиҷаи низоъҳои сарҳадии чанде пеш рухдода шумораи зиёди сокинони мавзеъҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хисороти ҷонию молӣ диданд, аз ҷумла манзилҳои истиқоматиашон хароб гардид.
Вобаста ба ин, Президенти мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо карданд, ки дар асоси он ба 300 оилаи зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ёрии навбатии моддӣ ҷудо гардид.
Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар яке аз оилаҳои манзили зисташон пурра ё қисман зарардида масолеҳи сохтмон ва маҳсулоти ғизоӣ дастрас карда мешавад.
Кумаки Президенти мамлакат барои дастгирии сокинони деҳоти Чоркӯҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва деҳоти Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷудо гардидааст.
Пешвои миллат, ҳамчунин, ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки манзилҳои истиқоматии харобгардидаи сокинони деҳоти зикршуда то якуми ноябри соли ҷорӣ барқарор карда шаванд.