Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони ҷумҳурӣ ва нафароне, ки ба бемории нави коронавирус — COVID-19 гирифтор шудаанд, дар корвони иборат аз 45 мошини пурбор кумаки моддии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пойтахти мамлакат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фиристода шуд.
Ба шахсони мубталои бемории вируси нав ва табибони 8 шаҳру ноҳияи ВМКБ дар ҳаҷми 500 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ бо маблағи қариб 3 миллион сомонӣ дастрас мегардад.
Маҳсулоти озуқаворӣ асосан аз молҳои ниёзи аввал — орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва ғайра иборат аст.
Дар қатори мошинҳои озуқаворӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба маблағи умумии 2 миллион сомонӣ лавозимоти зарурии доруворӣ ва ба беморхонаи марказии вилоят 1 адад мошини ёрии таъҷилӣ ҳамчун туҳфаи Президенти мамлакат фиристода мешавад. Илова ба доруворӣ ба табибони беморхонаҳои вилоят сарулибоси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, асбобҳои муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ кумак карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иншооти соҳаи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят 500 тонна ангишт дастрас гардид.
Кумаки зикршуда табибон ва беморони ба вируси нави коронавирус мубталошудаи ВМКБ-ро фаро гирифта, нишонаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ, беморон ва дар маҷмӯъ мардуми шарифи кишвар мебошад.
Бо мақсади ба таври шаффоф, мақсаднок ва суроғавӣ дастрас намудани доруворӣ ва молу маҳсулоти хӯрокворӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус — COVID — 19 ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.
АМИТ «Ховар»