Кумаки Пешвои миллат ба зарардидагони зилзила

№100 (4362) 03.08.2021

КорвонЧанде пеш дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва кумак ба зарардидагони заминларза дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт корвони мошинҳо иборат аз масолеҳи сохтмонӣ ба мавзеъҳои зарардида расид.

 Тибқи иттилои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод Назр­валӣ Акбарзода, бо мақсади ҳар чӣ зудтар барқарор намудани манзили харобгардидаи сокинони ноҳияи Тоҷикобод ба 60 оилаи пурра зарардида 10 — тоннагӣ семент,  10 — кубӣ тахта, 2 — тоннагӣ арматура, 100 — донагӣ тунукаи фулузӣ кумак расонида шуд.

Инчунин, бо супориши Пешвои миллат ба зарардидагони заминларзаи ноҳияи Тоҷикобод аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили 5 тонна орд, 1 тонна  биринҷ, 400 литр  равғани рустанӣ кумак дастрас гардид.

 Бартарафкунии оқибатҳои офат идома дорад.

Диловари МИРЗО,

 «Садои мардум»