Кушодашавии озмоишгоҳи инноватсионӣ дар шаҳри Душанбе

№111 (3096) 05.09.2013

2

Чоруми сентябри соли 2013 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе як озмоишгоҳи инноватсионии тиббӣ ифтитоҳ ёфт, ки бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ маблағҳои муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди глобалӣ бунёд ёфта, бо навтарин дастгоҳу таҷҳизот муҷаҳҳаз гардидааст.

Ин озмоишгоҳ асосан барои муайян намудани бемориҳои сил, аз ҷумла намудҳои ба доруҳо мутобиқгардидаи он — вараҷа, зардпарвин ва дигар бемориҳои сироятӣ пешбинӣ шудааст. Вале бо дарназардошти ниёзмандиҳои кишвар ба ташхисҳои дақиқи тиббӣ ин озмоишгоҳ ҳамчунин бо дастгоҳу таҷҳизот барои таҳлилҳои дигари вирусологӣ, микробиологӣ, паразитологӣ, санитарию биокимиёвӣ ва ғайра муҷаҳҳаз карда шудааст.

Ин озмоишгоҳ бо навтарин дастовардҳои илму техникаи тиббии ҷаҳони имрӯза муҷаҳҳаз гардида, то имрӯз навтарин дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ мебошад.

Тавре иттилоъ доданд, дар ин ҷо таҳлилҳои тиббии бемориҳои сил, вараҷа ва СПИД барои ҳамаи ниёзмандон ройгон гузаронда мешавад.

Дар ин озмоишгоҳ 57 нафар мутахассисони баландпоя ба кор ҷалб шудаанд, ки чор нафари онҳо барои кор бо дастгоҳҳои навтарини дар ин ҷо насбгардида дар хориҷи кишвар ба тозагӣ таҳсил намудаанд.

www.president.tj