Кушодашавии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент дар шаҳри Панҷакент ва мулоқот бо сокинон

№139 (3440) 19.10.2015

IMG_1855 - копия18 октябри соли 2015 аз ноҳияи Айнӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути шоҳроҳи нави Айнӣ — Панҷакент ба шаҳри Панҷакент ташриф овард.

Сокинони шаҳри бостонӣ Сарвари давлатро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар шаҳри Панҷакент низ Эмомалӣ Раҳмон қисмати дигари роҳи Айнӣ-Панҷакентро бо буридани лентаи рамзӣ ба истифода дод. Дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон бевосита бо корҳои навсозии роҳу пулҳои нав  дар шоҳроҳи мазкур шинос шуд.

Мавриди зикр аст, ки навсозии роҳи Айнӣ — Панҷакент низ яке аз қадамҳои устувори ҷумҳурӣ дар роҳи баромадани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.

Тавре аён гардид, роҳсозон дар муҳлатҳои муқарраргардида бо истифода аз тамоми таҷрибаи андӯхтаи хеш дар самти роҳсозӣ роҳро мутобиқ ба талаботи стандартҳо бунёд кардаанд.

Баъди ифтитоҳи роҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинони шаҳр, ки барои истиқболи Сарвари давлат ва ба хотири иштирок дар маросими кушодани роҳи Айнӣ — Панҷакент дар ин ҷо ҷамъ омада буданд, суханронӣ кард.

Президенти мамлакат ифтитоҳи роҳи нав, корхонаҳои саноатии маъдантозакунӣ ва заршӯйиро дар шаҳри Панҷакент ба сокинон муборакбод гуфта, изҳор дошт, ки роҳҳо на танҳо минтақаҳоро ба ҳам мепайванданд, балки ҳамчун воситаи интиқоли мусофирон ва борҳои гуногун хизмат мекунанд. Роҳҳои нав ва нақбу пулҳо ин пешрафти иқтисодиёт, сарфаи вақту маблағ буда, барои коҳиш додани арзиши маҳсулот низ хизмат мерасонанд.

Президенти мамлакат таъкид намуд, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард сохтаву таҷдид ёфта, даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд гардидааст. Имрӯз мушкилоти рафтуомади сокинону меҳмонони кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулот аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат бамаротиб осон шудааст. Ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадаф, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар ҳанӯз соли 2011 «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Тоҷикистон то соли 2025» қабул гардид ва дар доираи он бунёду таҷдиди беш аз чор ҳазор километр роҳ ва 576 пул ба маблағи умумии 4,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар асоси барномаи зикршуда ду сол қабл, яъне моҳи октябри соли 2012, азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакентро оғоз карда будем ва имрӯз онро бо иштироки намояндагони мардуми ноҳияи Айнӣ аз гардиши Айнӣ — Панҷакент ва қисмати панҷакентии онро дар ҳузури сокинони шаҳри Панҷакент мавриди баҳрабардорӣ қарор додем. Арзиши лоиҳавии таҷдиду азнавсозии шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент беш аз 700 миллион сомонӣ, баробар ба 115,3 миллион доллари амрикоӣ буда, ин лоиҳа бо гранти Бонки Рушди Осиё аз тарафи Ширкати сохтмонии «Сансиян Бейсин»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ба анҷом расонида шуд. Имрӯз роҳ ва иншооти он дар масофаи бештар аз 112 километр пурра азнавсозӣ ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки дар корҳои азнавсозии роҳ 1330 нафар муҳандисону кормандони техникӣ ва роҳсозон бо ҷидду ҷаҳди дучанд кор карданд. Беш аз 1000 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ва дар ободии диёри хеш саҳми сазовор гузоштанд.

Ин роҳ, ба қавли Президенти мамлакат, бояд садсолаҳо ба мардум хизмат кунад, аз ин рӯ нигоҳубини он низ бояд дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёди роҳҳои ҷавобгӯйи стандартҳои ҷаҳониро ба роҳ мондааст, ки аҳамияти муҳими стратегӣ доранд.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат бо итминон изҳор дошт, ки сокинони шаҳри Панҷакент бо меҳнати софдилона ва бо дастовардҳои назаррас 25 — солагии Истиқлолияти давлатии мамлакатро истиқбол мегиранд.

Сокинони шаҳри Панҷакент, хонандагону донишҷӯён ва кормандони касбу кори гуногун ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои ғамхории ҳамаҷониба ва иқдомҳои нек дар роҳи беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ ва шукуфоии Ватан изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

www.president.tj