Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

№108 (4370) 31.08.2021

30 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионӣ, дар асоси принсипи инсондӯстӣ ва ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» — ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.

Бо мақсади қабули он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 сентябри соли 2021 даъват карда мешавад.

Қонуни авф нисбат ба доираи васеи маҳкумшудагон ва шахсоне, ки парвандаи онҳо таҳти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва дар баррасии судӣ қарор доранд, татбиқ мегардад.

Лоиҳаи қонун шахсони зеринро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо пурра озод мекунад: шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд, нисбат ба онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст, ҷазо нисбат ба онҳо шартан татбиқ нашудааст, ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд, шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд, ба ҷазои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шудаанд, барои ҷиноятҳои хусусияти иқтисоди­дошта маҳкум шудаанд ва зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ кардаанд.

Дар лоиҳаи қонун нисбат ба занҳо, ноболиғон, шахсони синнашон аз 55 боло, маъюбон, беморони дараҷаи вазнин, шахсони дорои мукофотҳои давлатӣ, иштирокчиёни ҷанг ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва шаҳрвандони хориҷӣ бартарӣ дода шудааст. Онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод мешаванд, агар ҷинояти содиркардаашон ба ҷиноятҳое, ки нисбат ба онҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» маҳдудиятҳо пешбинӣ шудааст, мансуб набошад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, қонун нисбат ба 16000 нафар татбиқ мегардад ва аз ин миқдор 10700 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд. Аз ҷумла, 800 нафар гумонбаршаванда ва айбдоршаванда, 350 нафар судшаванда, қариб 3000 нафар маҳкумшуда аз муассисаҳои ислоҳӣ, 1900 нафар маҳкумшуда аз колонияҳои ислоҳии сукунат ва 4650 нафар маҳкумшуда аз нозироти корҳои ислоҳӣ озод мешаванд. Муҳлати ҷазои 5300 нафар маҳкумшуда кам карда мешавад.

Авф нисбат ба шахсоне, ки ҷиноятҳои махсусан вазнинро бо ҳолатҳои вазнинкунанда содир намудаанд, инчунин, онҳое, ки қаблан дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019 аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё адои боқимондаи ҷазо озод шуда буданд ва боз ҷинояти қасдона содир кардаанд, татбиқ намегардад.

Қонун аз ҷониби мақомоти татбиқкунандаи он бояд дар муҳлати ду моҳ иҷро шавад.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки баъди ду моҳи мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Қонун баъд аз қабули он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуот нашр мегардад.

www.president.tj