Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№97-98 (3398-3399) 23.07.2015

19720996499_b6c553b0b2_oБисту дуюми июли соли 2015 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа, ки бо иштироки аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ сурат гирифт, масъалаи вазъи воқеии офатҳои табиӣ ва иҷрои корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои он, ки рӯзҳои охир дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат сар зада, боиси хисороти моддӣ ва талафоти ҷонӣ гардид, баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҷаласа изҳор доштанд, ки бар асари баланд шудани ҳарорати ҳаво, ки боиси об шудани пиряхҳо гардид, инчунин боришоти рӯзҳои охир ва баланд шудани сатҳи дарёҳо дар як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Шуғнон ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рашт обхезӣ ба амал омад.

Сардори давлат бо таассуф изҳор кард, ки дар баробари расонидани хисороти зиёди моддӣ ба минтақаҳо, ин офатҳо боиси ҳалокати одамон низ гардид.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ин талафоти ҷонӣ мардуми кишварро бетараф гузошта наметавонад ва Сардори давлат ба наздикони қурбониёни офати табиӣ изҳори ҳамдардӣ баён кард.

Вобаста ба иҷрои корҳо оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ, расонидани кумакҳои моддию маънавӣ ба зарардидагон ва фаъолияти комиссияи давлатию ситоди ҷумҳуриявӣ, ки роҳбарии онро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба уҳда дорад, Сарвазири ҷумҳурӣ ҳисобот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки аз лаҳзаҳои нахустини сар задани офат бо супориши бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон фавран комиссияи ҳукуматӣ аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату кумитаҳои давлатӣ таъсис дода шуда, дар маҳалли аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рашт фаъолият доранд ва ба мардуми аз офат зарардида кумакҳои саривақтӣ мерасонанд.

Маълумот дода шуд, ки аз офатҳои табиии рӯзҳои охир сарзада, дар маҷмӯър ба сокинони ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар минтақаи Рашт ноҳияҳои Рашт,Тавилдара, Ҷиргатол ва дар вилояти Суғд ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ низ зарар дидаанд.

Баъди шунидани ҳисоботи Сарвазири мамлакат Президенти Ҷумҳурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ бобати ҳар чӣ зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ, расонидани кумакҳои моддӣ ба зарардидагон, ҷудо кардани замин барои сохтмони манзил, дастрасии онҳо ба маводи ғизоӣ, доруворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, сӯзишворӣ ва дигар маводи ниёзи аввал дастуру супоришҳо дод.

Сардори давлат супориш дод, ки ба оилаҳое, ки аз офати табиӣ манзили зисташон пурра зарар дидааст, дар ҳаҷми даҳ ҳазор сомонӣ ва ба нафароне, ки хонаҳояшон қисман зарар дидааст дар ҳаҷми шаш ҳазор сомонӣ кумакҳои яквақтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шавад.

Инчунин ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» супориш дода шуд, ки барои зарардидагони офати табиӣ суратҳисоби махсус бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ кушода шавад, то ин ки мардуми саховатпешаи мамлакат барои бартараф кардани оқибатҳои офат ба ҳамдиёрони хеш кумак намоянд.

Ҳамчунин Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва дигар сохторҳои давлатӣ барои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бунёд кардани мактаб, бунгоҳи тиббӣ, мағозаи молҳои ниёзи аввал бо нархҳои дастрас ва сохтмони дигар инфрасохтори зарурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳидаи саховатпеша барои бунёди манзили истиқоматӣ барои зарардидагон талош карда, то охирин маводи зарурии рӯзгор ба онҳо кумак расонанд.

Супоришҳои дигар ҳамчунин оид ба пурзӯр кардани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирии дигар офатҳои табиӣ дода шуд.

Сардори давлат инчунин супориш доданд, ки ҳар чӣ зудтар хати интиқоли неруи барқ, об, алоқа, роҳу пулҳо ва дигар шароити зарурии гигиенӣ барои сокинони минтақаҳои зарардида таъмин карда шавад.

Корҳои сохтмонӣ дар маҳалли бунёди манзилҳои истиқоматӣ вусъат дода, аз натиҷааш ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод карда шавад.

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар бораи фаъолияти ҳамарӯзаи комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ ба масъулини Ҳукумати мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj