Маҷлиси миллӣ рукни муҳими рушди давлатдории навин мебошад

№56-57 (3357-3358) 20.04.2015

DSC_1010

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ибтидо ҳамаи шуморо ба муносибати оғози фаъолияти Маҷлиси миллии даъвати нав самимона табрик гуфта, ба аъзои Маҷлиси миллӣ, ки ба ин вазифаи пуршараф интихоб ва таъин гардидаанд, дар роҳи амалисозии рисолати пурмасъулияти касбӣ барори кор орзу менамоям.

Ҳамчунин Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба ифтихори Раиси Маҷлиси миллӣ ва Абдураҳмон Қодирӣ ва Шодихон Ҷамшедро ба муносибати муовини якум ва муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон табрик мегӯям ва ба онҳо низ барори кор мехоҳам.

Маҷлиси миллӣ дар низоми сиёсии кишвари мо ва дар фазои қонунэҷодкунии мамлакат рукни муҳими рушди давлатдории навин мебошад.

Маҷлиси миллӣ, бо вуҷуди таърихи на чандон тӯлонии фаъолияти худ, тавассути амалӣ гардонидани салоҳияти конститутсионии хеш, яъне ҷонибдории қонунҳое, ки ҳадафи асосии онҳо ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, суботи сиёсӣ, сулҳу оромӣ, таҳкими қонуният, татбиқи нақшаву барномаҳои стратегии кишвар ва пешбурди ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад, корҳои назаррасеро ба анҷом расонид. Дар давоми фаъолияти панҷсолаи худ Маҷлиси миллӣ зиёда аз 600 қонун ва 70 пешниҳодоти Президент ва Ҳукумати кишварро вобаста ба масъалаҳои гуногун баррасӣ намуд. Инчунин зиёда аз 60 қонун бо ташаббуси бевоситаи қонунгузории аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод ва қабул карда шуд.

Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки ҳайати қаблии Маҷлиси миллӣ вобаста ба таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, беҳтар гардидани сатҳу сифати қонунҳо ва баланд бардоштани масъулияти субъектҳои қонунэҷодкунанда, корҳои зиёдеро анҷом дод ва бинобар ин, ба ҳамаи онҳо сипоси худро изҳор медорам.

Ҳайати нави Маҷлиси миллӣ аз намояндагони касбу кори гуногун, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаҳои калон, инчунин намояндагони дигар соҳаҳо иборат аст, ки ҳар яки онҳо шахсиятҳои шинохта ва дорои фарҳанги баланди сиёсӣ мебошанд.

Мо итминон дорем, ки ҳайати нави Маҷлиси миллӣ анъанаи неки таҳкими пояҳои ҳуқуқии ҳаёти давлат ва ҷомеаро идома дода, неруи зеҳнӣ ва донишу таҷрибаи худро ба нафъи мардуми кишвар равона месозад.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳадафи асосии давлати Тоҷикистон таъмини амалишавии меъёри конститутсионӣ оид ба тағйирнопазирии шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлолият, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.

Ҳукумати мамлакат дар ин самт бо роҳи пешбурди ислоҳоти соҳаҳои мухталиф ва амалисозии як қатор барномаву стратегияҳои давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, ба он муваффақ гардид, ки иқтисодиёти кишварро аз таъсири манфии омилҳои беруна ва буҳрони молиявии ҷаҳонӣ эмин нигоҳ дорад ва гузашта аз ин, давлату ҷомеаро ба маҷрои рушди бонизому устувор равона созад.

Вобаста ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ва татбиқи сиёсати мутавозини байналмилалӣ ман дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ изҳори андеша карда, барои рушди минбаъдаи кишвар дар назди вазорату идораҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштам.

Бояд гуфт, ки барои ноил гардидан ба дастовардҳои боз ҳам назаррас, бо дарназардошти талаботи ҷомеаи дар ҳоли рушд ва пешгирӣ кардани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, такмил додани заминаҳои қонунгузорӣ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти аъзои Маҷлиси миллӣ мебошад. Ҳангоми таҳияву ҷонибдорӣ кардани қонунҳо ва қабули қарорҳо аъзои Маҷлиси миллӣ бояд зарурат, аҳамият ва дурнамои амалишавии онҳоро ба инобат гиранд.

Шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, ки аксаран мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро муаррифӣ мекунед, бояд барои ҳимояи манфиатҳои аҳолии воҳидҳои марзиву маъмурӣ дар сатҳи ҳокимияти олии қонунгузорӣ тавассути салоҳияти густурдаи худ саҳми назаррас гузоред. Аксари шумо, ки дар айни замон намояндаи Президенти кишвар дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои мамлакат мебошед, вазифадоред, ки пеш аз ҳама, масъулияти ба зимаатон вогузоршуда, яъне таъмин намудани рушди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, сарварии мардум ва ҳалли саривақтии мушкилоти онҳоро, дар мадди аввал гузоред, ба нафъи мардуми кишвар содиқона фаъолият карда, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳамеша барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ кӯшиш намоед.

Тибқи Конститутсия таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурии кишвар аз ҷумлаи салоҳиятҳои Маҷлиси миллӣ ба шумор меравад.

Аз ҷониби Маҷлиси миллӣ бо диди амиқу санҷида татбиқ гардидани ин салоҳият шарти муҳими таъмин намудани рушди шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ташкили самарабахши идоракунии давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, таъмини қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва пешрафти воҳидҳои марзиву маъмурӣ мебошад.

Тибқи қонунгузорӣ Маҷлиси миллӣ дар асоси пешниҳоди мақомоти дахлдор сарҳади воҳидҳои марзиву маъмуриро муқаррар мекунад, тағйир медиҳад, масъалаҳои номгузориву иваз кардани номи воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро ҳал менамояд.

Вобаста ба ин, то ба имрӯз аз ҷониби Маҷлиси миллӣ номи як қатор шаҳру ноҳия ва шаҳраку деҳот, бо дарназардошти дархости аҳолӣ ва пешниҳоди Ҳукумати мамлакат, тағйир дода шуд.

Ҳайати нави Маҷлиси миллӣ низ бояд ваколатҳои конститутсиониашро дар ин самт ба таври дахлдор амалӣ намуда, ҳангоми номгузории воҳидҳои марзиву маъмурӣ, пеш аз ҳама, манфиат ва андешаву пешниҳодоти аҳолии маҳалро ба инобат гирад ва аз мероси ғании миллии номгузории тоҷикӣ, ки фарогири фарҳангу маърифати халқамон мебошад, васеъ истифода намояд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кишвари мо дар марҳилае қарор дорад, ки авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳолати дигаргунии мураккаб, яъне дар фазои тағйирёбандаи геостратегӣ ва шиддат ёфтани мубориза барои захираҳои табиӣ қарор дошта, ҷаҳонро буҳрони молиявию иқтисодӣ фаро гирифтааст. Чунин вазъ ба низоми сиёсиву иқтисодии давлатҳо таҳдид мекунад ва барои рушди давлатҳо монеа эҷод месозад.

Ман борҳо дар суханрониҳоям аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва мулоқоту чорабиниҳои мухталиф дар хусуси ба истиқлолияти давлатҳо хатари зиёд доштани терроризму ифротгароӣ, инчунин дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккил изҳори андеша карда, ҷомеаи ҷаҳониро барои муборизаи муштарак ба ин хатарҳои муосир даъват намуда будам. Бо мақсади мубориза бо чунин хатарҳои нав имрӯз дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ дар самти таҳия ва ҷонибдории қонунҳое, ки ба пешрафти давлат ва пойдории суботу амният мусоидат мекунанд, вазифаҳои ниҳоят муҳим қарор доранд, ки иҷрои онҳо фаъолияти пурмаҳсулро талаб менамояд.

Марҳилаи нави инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ қабули қонуну қарорҳоеро тақозо мекунад, ки ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, паст кардани таъсири манфии буҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти кишвар ва амнияти давлат, инчунин пайванди ҷомеа бо ҷаҳони мутамаддини муосир мусоидат намоянд.

Дар ин раванд дурнамои сиёсати иқтисодӣ ва механизми ҳуқуқии амалисозии он бояд бо дарназардошти вазъи воқеии минтақа ва ҷаҳон, тағйирёбии сиёсати геополитикӣ ва ҷустуҷӯи имкониятҳои нав ба роҳ монда шуда, ҳадафу нақшаҳо барои даҳсолаҳои минбаъда тарҳрезӣ карда шаванд.

Ташаббуси қонунгузорӣ бояд бо дарназардошти афзалият ва манфиатҳои милливу давлатӣ, бо мақсади таҳкими фазои сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ, энергетика, саноат ва беҳдошти дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар сурат гирад.

Имрӯз воридшавии Тоҷикистон ба фазои иқтисодиву сиёсии ҷаҳонӣ бе мавҷудияти қонунгузории муосир ва самараноке, ки ба асосҳои конститутсионии демократия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида такя менамояд, ғайриимкон мебошад. Барои ин бояд ҳанӯз дар ҷараёни таҳияи қонунҳо ба он эътибор бояд дод, ки қонунҳои қабулшуда дар ҳаёти воқеӣ то чӣ дараҷа самаранок амалӣ мегарданд. Эътибор надодан ба чунин раванд боиси такрори меъёрҳо ва мухолифат дар қонунҳо мегардад.

Зарур аст, ки ба муҳокимаи лоиҳаи қонунҳо, хусусан қонунҳое, ки бевосита ба манфиатҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла ҳуқуқи иҷтимоии аҳолӣ дахолат менамоянд, бо масъулияти баланд муносибат карда шавад. Муҳокима ва таҳияи лоиҳаи қонунҳо бояд ҳаматарафа ва бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами қонунгузорӣ ба роҳ монда шавад, зеро сатҳу сифати баланди қонунҳо ва гузашта аз ин, риояву иҷрои онҳо гарави пешрафти ҷомеа, таъмини сулҳу субот ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.

Ман дар суханронии худ дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум бо мақсади рушди танзими ҳуқуқии соҳаҳои мухталифи ҷомеа дар асоси такмили заминаҳои қонунгузории кишвар дар назди вакилони мардумӣ вазифаҳои мушаххас гузошта, иброз доштам, ки қонунҳо бояд бо дарназардошти дурнамо ва ҳадафҳои ояндаи рушди давлати миллӣ ва пайванди ногусастании он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин ба хотири таҳкими заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо дарки масъулияти баланд дар назди ояндаи давлату миллат таҳия ва қабул карда шаванд. Дар ин кори ниҳоят муҳим дар баробари вакилони Маҷлиси намоядагон аъзои Маҷлиси миллӣ низ бояд саҳми назаррас гузоранд.

Маҷлиси миллӣ дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, беҳдошти фазои ҳуқуқии кишвар ва пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа нақши арзишманд дорад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон умед доранд, ки шумо, ҳайати Маҷлиси миллии даъвати нав низ, дар роҳи эҷоди қонун ва ҷонибдории онҳо бештар саъю кӯшиш мекунед ва барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, такмили раванди эҷоди ҳуқуқ, рушди соҳаҳои мухталифи он ва тақвияти минбаъдаи сулҳу субот дар ҷомеа саҳми арзанда мегузоред.

Фаъолияти Маҷлиси миллӣ бояд бо дарназардошти ҳадафҳои стратегӣ, афзалиятҳои сиёсати давлат дар соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба роҳ монда шавад ва инкишофи қонунгузорӣ дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ дар чорчӯбаи ҳадафҳои барномавии рушди давлат амалӣ гарданд.

Шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорати касбӣ ва мақоми худро ба хотири таҳкими заминаҳои ҳуқуқии кишвар, таҳия ва қабули қонунҳои демократӣ, густариши ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳалли масъалаҳои ҳаёти ҷомеа равона созед.

Дар баробари амалисозии фаъолияти қонунэҷодкунӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтироми анъанаву суннатҳои фарҳанги миллӣ, арзишҳои истиқлолият ва пешрафти кишвари азизамон беш аз пеш саҳмгузор бошед.

Парламент ба сифати мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор аз салоҳияту вазифаҳои назоратӣ низ бархӯрдор мебошад ва ин самти фаъолияти худро аз лаҳзаи қабули қонунҳо амалӣ менамояд. Риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо, яъне волоияти қонун яке аз роҳҳои муҳими ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб меёбад.

Волоияти қонун дар давлати ҳуқуқбунёд аз он вобаста аст, ки дар ин давлат қонун то чӣ андоза ҷавобгӯи талаботи воқеии шаҳрвандон, ниёзи аҳли ҷомеа мебошад ва чӣ андоза риоя ва амалӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, ба ин самти фаъолияти худ бояд эътибори ҷиддӣ диҳед.

Ҷиҳати ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани сифати қонунгузории кишвар ва ба меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда мутобиқ гардонидани он Маҷлиси миллӣ бояд ба тавсеаи ҳамкорӣ ва робитаҳои байнипарламентӣ низ аҳамияти хоса зоҳир намояд.

Итминон дорам, ки шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, вазифаҳо, салоҳияту ваколат ва неруи созандаи худро ҳамаҷониба амалӣ намуда, саҳми сазовори худро дар пешрафту ободии Тоҷикистони азиз мегузоред. Дар ин кори ниҳоят пурмасъулият ба ҳар яки шумо барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!