Маҷлиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№107 (3092) 27.08.2013

26 августи соли 2013 таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ин шӯро баргузор гардид.

Дар маҷлис, асосан ду мавзуъ — омодасозии хоҷагии халқи кишвар ба тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 ва таҳкими амният вобаста ба хуруҷи неруҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 баррасӣ шуд.

Доир ба мавзуи якуми маҷлиси Шӯрои амният гузориши Сарвазири кишвар Оқил Оқилов шунида шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масоили омодагӣ ба зимистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз масъулин талаб кард, ки доир ба таъминот бо ангишт, гази моеъ, озуқаворӣ, захираи кофии ин мавод дар муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, омодасозии шабакаҳои гармидиҳии пойтахт ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ чораҳои саривақтӣ амалӣ намоянд.

Супоришҳои мушаххас доир ба кашондан ва захира кардани маводи сӯхту озуқаворӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои баландкӯҳ дода шуд.

Доир ба мавзуи дуюми маҷлис роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот гузориш доданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, таҳкими амнияту субот дар кишвар ва марзҳо бо Афғонистон, мубориза бо падидаҳои терроризму ифротгаройӣ ва ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ зоҳир гардид.

www.prezident.tj