26 феврали соли 2014 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Зимни он ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» тасдиқ карда шуд.
Сипас ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯйи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ дар ҳолати то якуми январи соли 2014 шунида шуд. Тавре зикр гардид, ҳудуди Тоҷикистон аз 14 миллиону 255,4 ҳазор гектар замин иборат буда, аз он 750 ҳазор гектараш замини обӣ аст. Ҳаҷми заминҳои обӣ дар як соли охир 339 гектар зиёд шудааст. Ҳамзамон, заминҳои корами обӣ 3095 гектар кам шуда, майдони боғҳои бисёрсолаи обӣ 4110 гектар афзудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 15 ҳазор гектар заминҳои партов ва аз худ намудани заминҳои нави корам тавассути обёрӣ кардани онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ таъсис дода шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа бори дигар дастур дод, ки роҳу усулҳои ғайриқонунии ба хизмати ҳарбӣ даъват намудани ҷавонон комилан аз байн бурда шавад. Таъкид гардид, ки барои бо сифати баланд анҷом додани тадбирҳои даъватӣ аз усули тарғибу ташвиқ ва тарбияи ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносии ҷавонон васеъ истифода карда шавад.
Лоиҳаи якчанд қонун доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин Консепсияро санади муҳим ва мутобиқ ба талаби замон номида, масъулини соҳаро ба татбиқи босамари он, аз ҷумла истифодаи васеъ аз дастовардҳои илму техникаи муосири кишоварзӣ, ҳидоят намуд.
Сохтори нав ва низомномаи як қатор вазорату идораҳо тасдиқ карда шуд.
Ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Сарбанд ҷиҳати тақсим намудан ба аҳолии ниёзманд барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ 60 гектар замин ҷудо гардид.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба суръат бахшидан ба киштукори баҳорӣ ва ниҳолшинонӣ, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, ҳамчунин кушодани гузаргоҳ ва бозори наздисарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастуру ҳидоятҳо дод.
Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба таҷлили Рӯзи модар ва истиқболи шоиста аз Иди байналмилалии Наврӯз дода шуд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки доир ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва моликияти давлатӣ тадбирҳои муассир амалӣ карда шаванд.
www. prezident.tj