Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№127 (3273) 30.10.2014

пр610

29 октябри соли 2014 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлиси навбатии Ҳукумат масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Ҷобиров Иброҳим директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия», Анвар Махсудов ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, Шуҷоат Сироҷов директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар ва Сафар Каримов директори Маркази татбиқи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона таъин карда шуданд.

Ректори қаблии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров Ғафурҷон Усмонов бо сабаби беморӣ аз вазифа озод карда шуд.

Ҳамчунин аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Дар идомаи маҷлис лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2016 ва 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин бора нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъмини рушди муътадили иқтисодиёти кишвар ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруниро аз вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодӣ ва молиявии Тоҷикистон номид.

Тавре зикр гардид, ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар соли 2015-ум 15 миллиарду 278 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба соли 2014-ум 1 миллиарду 377 миллион сомонӣ ё 10 фоиз зиёд аст.

Чунонки таъкид гардид, Буҷети давлатӣ дар соли 2015 хислати иҷтимоии худро нигоҳ медорад, зеро беш аз 50 фоиз хароҷоти умумии он ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар рост меояд ва ин нисбат ба соли равон 17 фоиз зиёд мебошад. Танҳо барои зиёдшавии музди меҳнат, нафақа ва стипендия зиёда аз 400,0 млн.сомонӣ равона мегардад.

Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар соли 2015 мувофиқи дурнамо ба андозаи 52 миллиарду 821 миллион сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи воқеӣ 7,2 фоиз, меъёри таваррум 7,5 фоиз ва индекси дефилятор 6,3 фоиз ба нақша гирифта шудааст.

Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2015 ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2016 ва 2017 ба таври муфассал вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов гузориш дод. Дар муҳокимаи ин масъала ҳамчунин вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмуддинов иштирок намуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои муфид ва хулосаҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Сипас, ҳисоботи президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ оид ба рафти корҳои селексионӣ ва минтақабобкунӣ дар истеҳсоли тухмии картошка шунида шуд.

Чунонки зикр гардид, майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон ба маълумоти 1 сентябри соли равон 36,3 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва аз ҳар гектар аз 160 то 400 сентнерӣ ҳосил бояд ҷамъоварӣ шавад.

Тайи нуҳ соли фаъолияти илмию тадқиқотии пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ ҳашт навъи нави картошка ихтироъ шудааст.

Академияи илмҳои кишоварзӣ ва дигар сохторҳои марбута вазифадор карда шуданд, ки барои ихтирои навъҳои нави пешпазак ва миёнапазаки картошка, васеъ намудани майдони кишти тирамоҳӣ, баҳорӣ ва такрории ин зироат чораҳои муассир амалӣ намоянд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025», «Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2015», нақшаҳои генералии маркази ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, «Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», «Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо» ва дигар санадҳо тасдиқ карда шуданд.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои додани шиносномаҳои хориҷӣ ба муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишвар ва омодагӣ ба мавсими зимистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самтҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

www.president.tj